ЗАБОН – РУКНИ АСОСИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

Posted by

   

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад. Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.

Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду густариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд. Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлатамон иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.

Танҳо баъди қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забони тоҷикӣ заминаи мусоид муҳайё гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мақоми роҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом доштанд. Агар дар асри даҳум Исмоили Сомониро девори Бухоро ва забони тоҷикӣ шуморанд, пас имрӯз бо камоли боварӣ ва эътимод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомӣ ва кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва забони тоҷикӣ медонанд. Суханони ноби шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон, СММ, дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андеша ва мулоҳизаҳои худро нисбат ба забони тоҷикӣ дар аксар асар, мақолаву суханрониҳо баён доштанд. Дар китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” Пешвои миллат таъкид бар он доранд, ки яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст.

Мувофиқи талаботи моддаи  89  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Дар охир ҳамаи ҳамкасбони худро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдашон муваффақияту комёбиҳо таманно дорам.

     Котиби суд                                                                Эргашев М.М.