Забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар чандин суннати хаттӣ то замони мо инкишоф ёфтааст. Давраи нави таърихи забони тоҷикӣ аз асрҳои VIII-X мелодӣ оғоз ёфта, он дар рушди меъёрҳои адабии ин забон нақши муҳим дорад. Дар оғози давраи мазкур забони тоҷикӣ (форсӣ ва ё форсии дарӣ) дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифта, аз он давра ва баъд ин забон дар ҳама сабкҳои адабӣ ташаккул ёфтааст. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар дубора ба таври озод мавриди истифода қарор дода шуд. Ин забон ҳамчун забони давлатӣ дар замони Истиқлолият омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 таъкид намудаанд: “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Бинобар муҳимияти забони давлатӣ – тоҷикӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар мамлакат, Қонуни забони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал санаи 22 июли соли 1989 қабул карда шуда буд.
Тибқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Бо назардошти ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2009, № 1396 қабул карда шуд, ки он санаи 3 октябри соли 2009, № 687 аз ҷониби Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуда, 5-уми октябри соли 2009, № 553 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, он вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Бо назардошти тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва бо танзими муносибатҳо дар самтҳои дигари забони давлатӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 “Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” тасдиқ карда шуда, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аз эътибор соқит дониста шуд.
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ аз 2 фасл: фасли 1 Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (17 банд ва 57 зербанд) ва фасли 2 Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (аз 13 банд ва 21 зербанд) иборат мебошад.
Дар маҷмуъ, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони асосии кишвар тибқи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳама соҳаҳои умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мавриди корбурд қарор гирифтааст. Аз он ҷумла, дар коргузории расмӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, техника, технология, иттилоот ва бахшҳои дигари иртиботӣ (коммуникатсия) истифода мешавад.
Аз ин рӯ, бо назардошти иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ҷиҳати донистан ва омӯхтани забони давлатӣ, пайгирӣ аз сиёсати давлат дар самти забон, инчунин риояи муқарраротҳои қонунгузорӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, омӯзиши мустақилона ва иловатан дар семинарҳои судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба мақсад мувофиқ аст.
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х.