Баргузории машғулияти семинарӣ

Posted by

Санаи 26 сентябри соли 2025 дар Суди вилояти Суғд машғулияти  семинарӣ бо иштироки раисон, муовинон, судяҳои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар семинар маърӯзачиҳо оид ба мавзӯҳои дар нақша пешбини шуда, маърӯза намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд. Дар охир судяҳои суди вилоят оид ба сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ” таҳлил гузарониданд.

Ҳамчунин бо иштироки кормандони дастгоҳи судҳои вилоят дар алоҳидагӣ машғулияти семинарӣ баргузор гардид.