Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Темурҷон Нӯмонзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо як қатор чорабиниҳои идона доир гардиданд.
Дар доираи таҷлил аз ин санаи тақдирсоз, ҳайати роҳбарикунанда аз қисми ҳарбии 0230 боздид ба амал оварда, сарбозон ва афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд. Раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ нақши бузурги неруҳои мусаллаҳро дар ҳифзи сулҳу субот, амният ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуда, ба ҳар як муҳофизи Ватан саломативу муваффақият таманно карданд.
Дар идомаи чорабинӣ, барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Ҳамзамон, дар доираи амалҳои хайрхоҳона ва ба хотири боло бурдани сатҳи иҷтимоии табақаҳои ниёзманд, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон як қатор оилаҳои камбизоат аёдат карда шуданд. Ба онҳо тӯҳфаҳои идона ва кӯмаки моддӣ расонида шуд.


