Дар Қасри фарҳанги Куруши ноҳияи Спитамен маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳим раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо ширкат варзида, як қатор фаъолони ҷомеаро, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия саҳми назаррас гузоштаанд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ин қадрдонӣ на танҳо нишони эътирофи хизматҳои шахсони алоҳида мебошад, балки як унсури муҳими таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Зикр шуд, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамеша талош доранд, то заҳмату хизматҳои шахсони фаъолро ба таври шоиста қадр кунанд ва тавассути чунин тадбирҳо ҷавононро ба фаъолияти созандаву ватандӯстона ҳидоят намоянд.


