Шанбегӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатӣ

Posted by

Санаи 30 августи соли 2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар ин шанбегӣ, ки бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди иқтисодӣ гузаронида шуд, гирду атрофи бино аз хазонҳо тоза карда шуда, обравҳои боми бино барои зимизтонгузаронӣ ба тартиб дароварда шуд. Инчунин корҳои тозагӣ дар утоқҳои корӣ ва даруни бино ба анҷом расонида шуд.