Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи энергетика аҳаммияти хоса медиҳанд. Имрӯз, пеш аз ҳама, диққати Ҳукумати кишвар ба соҳаи гидроэнергетика бештар зоҳир мегардад. Сохтмони бузургтарин Неругоҳи барқи обии “Роғун” босуръат давом дорад ва дар сурати пурра ба истифода додани он талаботи дохилии кишвар комилан қонеъ карда мешавад.
Коршиносони соҳаи энергетика бар ин назар ҳастанд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол дар љомеа нафароне ҳастанд, ки нисбат ба истифодаи дурусти неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта мешавад. Ин вазъ боис шуд, ки баъзе аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид роҳ медиҳанд. Истифодаи нодурусти асбобҳои гуногуни барқӣ дар корхонаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ ба буҷети давлат ва шаҳрвандон таъсири манфии худро мерасонад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд “сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд”.
Дар ҳақиқат яке аз омилҳои беҳ гаштани таъминот бо барқ, албатта, риояи фарҳанги сарфакорӣ дар истифодаи ин боигарии миллии мост. Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти беҳтари барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа мегардад.
Мардуми мо хуб медонанд, ки сарфаи барқ ва об масъалаи глобалӣ аст, зеро дар тамоми дунё иқлим гарм шуда, обҳо хушк мешаванд ва сарфаи барқ ногузир аст. Бояд зикр кард, ки лимити неруи барқ дар як қатор кишварҳо дунё низ ҷой дорад.
Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки аз беаҳамиятии баъзе сокинон бе ягон зарурат, рӯзона лампаҳои хонаҳо фурӯзон нигоҳ дошта мешаванд ва ё ҳанӯз ҳам дар баъзе хонаводаҳо ба ҷойи лампаҳои каммасраф аз фурӯзонакҳои сермасрафи манъшуда истифода мебаранд. Баъзе аз муштариён маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намекунанд. Аз ҷониби масъулони мақомоти салоҳиятдор ҳолатҳои аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода бурдани баъзе ашхос низ зиёд ошкор мегардад.
Давоми нимсолаи якуми соли 2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд – 339 парванда ба маблағи 59 503 800,3 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки аз 339 парвандањои баррасӣ шуда 31 ададаш аризањои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотњои давлатию љамъиятӣ оид ба рӯёнидани 9 827 689,49 сомонӣ маблағи зарар пешнињод шудааст. Аз 31 адад парвандањои баррасӣ гардида, 22 адад парванда вобаста ба рӯёнидани маблағи истифодаи барқ: аз ин 11 адад пурра қонеъ, 6 адад қисман қонеъ ва 5 адад бинобар ихтиёран пардохт кардани маблағи қарз дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Њамаги аз њисоби парвандањои баррасӣ шуда, ҳаққи истифодаи қувваи барқ – 8 822 642,37 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Саривақт пардохт накардани ҳақи истифодаи неруи барқ боиси пайдо шудани баҳсҳои судӣ мегардад. Муштариён бояд аз барқ сарфакорона истифода баранд ва маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намоянд. Дар ин маврид ҳам буҷети оила фоида мебарад ва ҳам неруи барқ беҳуда сарф намегардад. Барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишони маданияти баланд ва виҷдони ҳар муштарӣ аст.
Раиси Суди
иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода Парвиз