Қабули сайёри шаҳрвандон

Posted by

Санаи 21 августи соли 2025 дар толори Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен аз тарафи судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н.Э. қабули сайёри шаҳрвандон доир гардид. Дар қабули сайёри мазкур сокинони Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев муроҷиат намуданд.      

 Ҳамзамон аз тарафи судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Н.Э. ва кормандони дастгоҳи суд Маҳмудова Ф.Т. ва Зарифов Б. бо кормандону сокинони Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен суҳбату вохӯриҳо доир карда шуда зимни вохурӣ дар мавзуҳои “Шарҳи дастури супоришҳо аз Паёми навбатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ”, “Пешгири намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2020 таҳти №167 тасдиқ шудааст, суҳбат ва вохӯриҳо анҷом дода шуд.