9 сентябр рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сию чор сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сию чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андишад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталиф кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.

Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо, аз як тараф, бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонад, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар», «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» ва «саноатикунонии босуръати кишвар» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ-этникӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.

Инчунин дар давоми 34 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.

Котиби судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                       Эргашев М.М.