ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК ВАЗИФАИ МУҲИМТАРИНИ ОИЛА, ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Posted by

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки нахуст бо ҳамин унвон қабул гардида буд, меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мамлакат мебошанд. Қонуни мазкур 2 августи соли 2011 таҳти №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат буд, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.

Ҳамзамон, қайд намуд, ки парлумони Тоҷикистон бо дарназардошти боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, барои соддаву оммафаҳм ва ба таври васеъ  танзим намудани муносибатҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак, ҷавобгӯ ба талаботи замон шуданаш аз 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав қабул гардид, ки қонуни мазкур аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур таълиму тарбияи кӯдакро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Он ҳамчун санади муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба ҳисоб рафта, барои амалисозии уҳдадориҳои омӯзгор, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, мусоидат менамояд.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо уҳдадор гардидаанд, ки барои таълиму тарбияи кӯдак шароити мусоид фароҳам оваранд. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони масъул иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадории ба зиммаашон гузошташуда, онҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз ин хотир,  дар таълиму тарбияи кӯдак на танҳо оила, муассисаҳои таълимӣ ва худи ҷомеа низ масъул аст. Ҳам волидонро ва ҳам ҷомеаро  мебояд  пайваста дар талош бошанд, ки баҳри таълиму тарбия ва дар рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ асос гузоранд. Бояд зикр намуд, ки бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард. Тарбия ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст, зеро танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда, ба камол расонад.

Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                         Сайдуллоӣ П.Ҳ.