Дар ҳақиқат ҷомеъаи солим аз оилаи солим бунёд мегардад. Оилае, ки дар он ҳамдигарфаҳми, сулҳу субот, дастгирӣ ва муҳаббат ба ҳамдигар ҷой дорад, дар ҳамон оила пойдорӣ ва хушбахтӣ ҳукмфармо аст. Беҳуда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати аз ҳама баландэътибори ҳуқуқӣ андешаи муосири ҳуқуқу озодиҳои инсон инъикос наёфтааст ва ин сифати Конститутсия шароити мусоидро барои рушди ҳама соҳаҳои ҳуқуқ ва махсусан ҳуқуқи оила ба вуҷуд овард.
Аз ин нуқтаи назар барои инсон, махсусан дар соҳаи ҳуқуқи оилавӣ аз ҳама бештар ба чашм мерасад. Зеро оила мансуб ба ҳаёти шахсӣ буда, бидуни устувории он аз ҷомеаи солим ва бештар аз ин муносибатҳои қавии иҷтимоӣ ҳарф задан имкон надорад.
Таърих гувоҳ аст, ки тўли 70 соли даврони шўравӣ ҳаёти шахсии одамон, аз ҷумла ҳаёти оилавӣ, зери таъсири шадиди ҳизбию давлатӣ қарор дошт ва ин ҳолат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи норасоӣ, таҳрифи ҳуқуқ ва риоя нагаштани қонуният зоҳир мегашт.
Тавассути рўи кор омадани Конститутсияи демократӣ вазъи ҳуқуқии шахсият дар оила ба танзим дароварда шуда, ҳолати шахсият аз лиҳози ҳуқуқ ба эътибор гирифта шуда, ҳолати ҳуқуқии шахсият дар оила, ба ду омили муҳим – сохти иқтисодӣ ва режими сиёсӣ вобаставу алоқаманд аст. Ба эътибори Конститутсия режими сиёсӣ дар Тоҷикистон, демократӣ эътироф шудааст, ки дар чунин шароит низоми ҳама соҳаҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунгузории оилаву никоҳ низ, ба арзишҳои демократӣ такя мекунад. Аз ҳамин лиҳоз меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси принсипҳое муқаррар шудаанд, ки ба пойдории оила ва ҳимояву дастгирии он аз ҷониби давлат, далолат мекунанд.
Инчунин дар моддаи 16 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар низ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф шудааст, дар санадҳои дахлдори байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи модарону кўдакон сабт гардида, шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила пешбинӣ шудаанд. Инчунин дар ин санади ҳуқуқӣ таъкид шудааст, ки модарон дар давраи то таваллуд ва баъди таваллуд бояд ба ғамхории махсус фаро гирифта шаванд.
Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон вобаста ба пешрафт ва рушди оила низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Барои мустаҳкамии оила бисёри муаммоҳо ва муноқишаҳо, ки дар оила ба миён меояд бо сулҳ ва бо ҳамдигарфаҳмӣ паси сар кардан муҳим аст. Дар таҳким ва танзими муносибатҳои марбут ба ҳалли муаммо ва муноқишаҳо дар мамлакати мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» қабул гардид, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила ба танзим медарорад. Дар қонуни мазкур вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосӣ ва муҳими қабули қонуни мазкур ин ҳимояи ҳуқуқи оила ҳамчун асоси ҷамъият; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила; мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила; ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зўроварӣ дар оила; ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда; мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошанд.
Вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила, бояд амалҳо дар доираи маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқӣ озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зўроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд, ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила, ин мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила, масъул мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки барои дуруст ба роҳ мондани таълим ва тарбияи фарзандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шудааст, ки маҳз бо тарбияи фарзанд ва назорати падару модар дар ин самт ҷомеъаи пурмасъул ва қавииродаро ба воя расонидан мункин аст, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.
Бидуни ин мувофиқи моддаи 4-и қонуни мазкур таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, ҷомеъа ва давлат мебошад.
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар мактабҳо фанни «Маърифати оиладорӣ» ва барномаи таълими ҷорӣ карда мешавад”.
Ҷавонон дар вақти омўзиши фанни мазкур одоб ва рафтори оиладорӣ, муносибати байни зану шавҳар ва фарзанд, рузгордорӣ ва дигар муносибатҳоро аз худ менамоянд. Барои ташкил намудани оилаи солим синну соли пеш аз никоҳи низ таъсир мерасонад. Омилҳои генетикӣ низ барои оилаи солим аҳамияти муҳим дорад.
Тарбияи насли бомаърифату бофарҳанг ва хушахлоқ дар маркази диққати ҳамешагии давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки насли наврас ҳамчун захираи бебаҳои инсонӣ ба таълиму тарбияи сазовору арзанда фарогир бошад. Эҳтиром ба таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар руҳияи худшиносӣ ва арзишҳои олии башарӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи ҳам давлат ва ҳам ҷомеаи муосир ба шумор меравад.
Ёрдамчии Раиси Суди
иқтисодии вилояти Суғд Саидзода У.Ҷ.