Мақоми зан дар ҷомеа

Posted by

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар ҳақиқат занону бонувони тоҷик дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти ватани азизамон фаъолияти пурсамар мебаранд.

Доир ба ин масъала як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дохиливу байналмиллалӣ қабул карда шудааст, ки вазъи ҳуқуқии занонро муайян менамоянд, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон.

Тибқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонт мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Мақоми занро дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ намудан ин нишонаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани давлатамонро нишон медиҳад. Яъне имрӯз имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ кафолат дода шудааст. Вобаста ба ин талаботи конститутсионӣ қонунҳо соҳавӣ қабул шудаанд, ки меъёрҳои конститутсионии мазкурро такмил медиҳанд. Оид ба масъалаи баррасишаванда барномаҳои  давлатӣ низ қабул гардидаанд, ки онҳо барои дар амал татбик, шудани баробарии занон ва мардон мусоидат мекунанд.

Мувофиқи моддаи 7 –и Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки аз 18 декабри соли 1979 қабул гардидааст, чунин пешбинӣ карда шудааст:

Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро ҷиҳати рафъи табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии кишвар меандешанд, аз ҷумла ба занон шароити баробар бо мардонро дар масъалаҳои зерин таъмин менамоянд: – овоздиҳӣ дар ҳама интихобот ва раъйпурсиҳои оммавӣ ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби омма интихобшаванда;

– иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати ҳукумат ва ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ, инчунин иҷро намудани ҳама вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ;

– иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ассотсиатсияҳое, ки ба проблемаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар машғуланд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки «мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем”

Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.

Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.

Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар оғоз ёфта дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Айни ҳол иштироки онҳо дар самтҳои давлатдорӣ, мақомҳои роҳбаркунанда хеле фаъол ба назар мерасанд. Имрӯз бонувони тоҷик дар бахшҳои сиёсат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг инчунин  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарбаландона кору фаъолият намуда ба давлату миллат хидмат менамоянд ва сафи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ рӯз ба рӯз меафзояд.

Эҳтиром ба занон ва нигоҳ доштани мавқеи баланди онҳо дар фарҳанги миллати мо решаи таърихӣ дошта, зан – модар дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Давлат иштироки баробари мардону занонро дар рукнҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии хокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ боиси қайд аст, ки мавқеи занон дар ҷомеаи имрӯза ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд ва имрӯз занон дар қатори мардон фаъолияти пурсамар намуда, ҷиҳати рушд намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ камари ҳиммат бастаанд. 

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                                     Олимиён Т.Б.