Ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақша чорабиниҳои идоравӣ имрӯз бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷамъомад оид ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстимизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Ҷамъомадро раиси суд Мирзозода П.Т. кушода, оид ба Стратегияи мазкур маълумот дод, сипас судяи суди иқтисодии вилоят Ҳасанзода Ҷ.Х. оид ба мавзӯъ баромад карда, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб дод.
Дар охири ҷамъомад судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шуданд, ки баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба экстимизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Дар фаъолияти ҳаррӯзаи корӣ ба ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар ва бетарафӣ роҳ надода, дар нимсолаи дуюми соли ҷори иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо дар амал таъмин намоянд.


