Нуқтаҳое аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои он

Posted by

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» имрӯзҳо ҳамчун як барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Сарвари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кӯдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои ҳаракати ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигар, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал кардани мамлакат нишон медиҳанд.

Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.

Пешвои миллат дар Паёми мазкур таъкид намуданд, ки “Соли 2024 мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд. Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.

Бо назардошти ҳолати номбурда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”.

Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муқоисакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ шудааст, яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Яке аз иҷрокунандаи Барномаи мазкур тибқи банди 55-и он, мақомоти судӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мақомоти судӣ уҳдадор шудааст, ки барои расидан ба ҳадафи гузошта шуда, чунин тадбирҳоро амалӣ намояд:

– ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монад;

– ҷиҳати бештар намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

– вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия) бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад;

– тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ;

– тақвият бахшидан ба барномаҳои телевизионии махсус дар мавзӯъҳои баррасишудаи парвандаҳои судӣ.

Бо назардошти татбиқи барномаи мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо аз 29 январи соли 2025 таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Яке аз иҷрокунандагони Нақшаи мазкур, Суди иқтисодии вилояти Суғд ба шумор меравад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби Суди иқтисодии вилояти Суғд дар маҷмуъ 65 адад суҳбату вохӯрӣ, 7 адад рӯзнома, 10 адад дар телевизион, 8 адад садо ва 7 мақола дар сомонаҳо ба нашр расонида шудаанд, ки онҳо дар муқоиса ба соли гузашта зиёд мебошанд. Илова ба ин, тибқи банди 3 (50) нақшаи чорабиниҳои мазкур, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру азнавсозӣ ва барқарор кардани муассисаҳои садамавӣ, таъмирталаби соҳаи фарҳанг нишон дода шудааст. Дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ноҳияи Спитамен 559 иншооту биноҳои таъмирталаб азнавсозӣ гардидаанд.

Тибқи банди 7 (63) нақшаи мазкур, бобати риоя ва амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” низ нишон дода шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин самтҳо низ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд низ як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Аз он ҷумла, ҷиҳати омӯзиш ва фаҳмонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 32 адад вохӯриҳо, 6 маротиба дар садо ва 1 адад мақола дар сомона нашр карда шуда, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 30 адад вохӯрӣ, 1 мақола дар маҷаллаҳо, 7 маротиба дар садо, 2 мақола дар сомонаҳо нашр карда шудаанд. Гузашта аз ин, ҷиҳати таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ 10 адад вохӯрӣ, 11 маротиба дар симо, 6 мақола дар сомона, 8 мақола дар маҷалаҳо ва як маротиба дар радио дар шакли баромад, гузаронида шудаанд.

Аз ин ҷиҳат, мо дар нимсолаи якуми соли 2025 баҳри татбиқи ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла татбиқи мақсаду вазифаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ироа гардидааст ва ҳар яки онҳо албатта тақозои замон аст, тамоми саъю талош ва донишу таҷрибаи касбии худро равона сохтем ва дар нимсолаи дуюми соли 2025 равона хоҳем сохт. 

Зеро, ҳамаи пешниҳодҳо ва ташаббусҳои андешидаи наҷибонае, ки дар ПаёмиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некўаҳволии рўзгори мардуми тоҷик мусоидат менамоянд. Дар ин замина, Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ чун дастури рўйимизии ҳар хизматчии давлатӣ, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон фурӯзон намуда, ба кас эътимоду боварӣ мебахшад, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд,

номзади илми ҳуқуқ, Эмомализода  Н.Э.