Санаи 06 августи соли 2025 дар толори Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ва бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз тарафи судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. қабули сайёри шаҳрвандон доир гардид. Дар қабули сайёри мазкур сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Зарҳалол ва Гули Сурхи шаҳри Истаравшан муроҷиат намуданд.
Ҳамзамон, аз тарафи судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳамроқулзода Б.А. ва котиби маҷлиси судӣ Мухитдинова М.Х. бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва кормандону сокинони Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан суҳбату вохӯриҳо доир карда шуда, зимни вохурӣ дар мавзӯи сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва қонунии неруи барқ, нақши занон дар ҷомеа ва дигар мавзуҳо суҳбат анҷом дода шуд.


