Баргузории машғулияти семинарии судяҳо

Posted by

Санаи 25 июли соли 2025 дар Суди вилояти Суғд машғулияти  семинарии навбатӣ бо иштироки раисон, муовинон, судяҳои Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Дар семинар маърӯзачиҳо оид ба мавзӯҳо тибқи Нақшаи машғулиятҳои семинарӣ маърӯза карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал доданд.

Дар охир судяҳои суди вилоят вобаста ба мавзӯҳои мазкур хулоса дода, сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судиро муҳокима карданд.