Коррупсия яке зуҳуроти номатлуб ба шумор рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Тибқи моддаи 1-и – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” чунин мафҳуми коррупсия пешбинӣ шудааст. – коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ.
Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи зидди коррупсияи Созмони Милали Муттаҳидро ба имзо расонида, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвар эътироф намудааст.
Дар баробари ин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шудааст.
Дар яке аз баромадҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мубориза алайҳи ин амали номатлуб таъкид намудаанд: «Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад».
Вазифаҳои асосии пешгирии коррупсия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия; амалӣ сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо коррупсия; васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; тавсеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия иборат мебошад.
Яке аз роҳҳои асосии мубориза муқобили ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он дар байни ҷомеа ин дар қонунгузорӣ пешбинӣ намудани ҷавобгарӣ мебошад. Вобаста ба кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ҳам дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст.
Боиси қайд аст, ки коррупсия боиси заиф гаштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум мегадад. Муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.
Котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд Олимиён Т.Б.