15-уми июли соли 2025 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебунисо бо сафари корӣ ба деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ташриф овард. Мақсади сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, шароити иҷтимоӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва самаранок истифода бурдани майдончаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон буд.
Зимни боздид аз як қатор оилаҳо дидан карда, бо аҳли хонаводаҳо суҳбат ороста шуд. Дар ҷараёни мулоқотҳо сокинон изҳор доштанд, ки солҳои охир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Ҳукумати кишвар шароити зист дар деҳот ба таври назаррас беҳтар гардидааст.
Масъулин зимни суҳбат бо сокинон, таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то зиндагии ҳар як шаҳрванд беҳбуд ёбад.
манбаъ: Аз саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.


