Санаи 5 июли соли 2025 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди иқтисодӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар ин шанбегӣ, гирду атроф ва ҷуйбори назди бинои суд аз хасу хошок тоза карда шуда, таҳхона ва обравҳои боми бино ба тартиб дароварда шуд.


