21 июни соли 2025 намояндаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз рафти таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев боздид намуданд. Масъулин аз рафти корҳои сохтмонӣ, ки ба навсозии синфхонаҳо, кабинету лаборатория равона шудаанд, огоҳӣ пайдо карданд.
Таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ барои рушди ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои насли наврас аҳамияти зиёде доранд. Воқеан, беҳтар кардани шароити таълим ба рушду таҳкими мавқеи ҷомеа кӯмак мерасонад.
Ҳамзамон, оилаҳои камбизоат, ки дар ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев зиндагӣ мекунанд, аёдат намуданд. Дар кӯмак ба ин оилаҳо, ки дар шароити иҷтимоии душвор қарор доранд, як қатор кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Тағояк, ки бо ташаббуси сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ мумфаршкунии роҳ идома дорад, боздид сурат гирифт.
Илова бар ин, Асрорзода Зуҳуриддин ва Темурҷон Нӯмонзода як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд. Дар мулоқот бо собиқадорони меҳнат, онҳо бо арзи сипос ва эҳтиром дар бораи нақши онҳо дар рушди ҷомеа сухан гуфтанд.




