Ҳалнома

Posted by

   ҲАЛНОМА

     АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 марти соли 2025    шаҳри Хуҷанд

Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда судя: Ниёззода М. бо котибии Раҳимзода А. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар бинои суди мазкур парвандаи таҳти №1-296/2025 доир бо аризаи Т.К. шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров, Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Б.Ғафуров оиди беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23.04.2024 сол таҳти №262-ро бо иштироки роҳбари Т.К.-Ҷ.Н. ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров Т.Д., дар асоси ваколатнома аз 06.05.2024 сол таҳти №2308, баррасӣ намуда,-

МУАЙЯН КАРД:

Т.К. бо аризаи дар боло овардашуда ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат карда, аризаашро бо он асоснок кардааст, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015 таҳти №802 ба Т.К. барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ қитъаи замин ба масоҳати умумии 5,64 га аз ҳисоби заминҳои фонди захираи ноҳия бо ҳуқуқи истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 19 сол дода шудааст. Дар асоси қарори мазкур ба Т.К. сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А0523524 аз 10.09.2015 сол дода шудааст.

Бо қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23 апрели соли 2024 таҳти №262 қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015 №802 бекор карда шудааст.

Ҳангоми бо қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015 таҳти №802 додади қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба Т.К. ҳолатҳои зерин муайян гардидааст.

Санади комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоби қитъаи замин аз 03 августи соли 2015 муайян намудааст, ки қитъаи замини мазкур мувофиқи баҳисобгирии миқдори заминҳои ноҳияи Б.Ғафуров аз соли 2005 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти О., Хоҷагии деҳқонии «Х.» дар тарҳҳои 154 қ, 156, 157, 157 а, 157 б, қ, 161, 162 қ, 168 ҷойгир мебошад. Дар санади мазкур ҳайати комиссия барои мувофиқ будани қитъаи замини баҳсӣ имзо гузошта бо муҳри мақомотҳои дахлдор тасдиқ кардаанд. Инчунин ташкилоту идораҳои дахлдор баъди омӯзиши аниқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда хулоса додаанд, ки қитъаи замини баҳсӣ барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Аз пешниҳоди раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров аз 21.08.2015 сол маълум мешавад, ки Кумитаи идораи замин низ розигии худро барои ҷудо кардани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба Т.К. додааст. Раиси ноҳияи Б.Ғафуров бо ваҷҳҳои дар пешиҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров қайдшуда маҳдуд гардида, маводи парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо кардани қитъаи замини баҳсиро пурра мавриди омӯзиш қарор надода, қарори ғайримеъёрии бе қисмҳои муқаддимавӣ, баёнию асосноккунӣ ва хулосавӣ қабул кардааст.

Қарори мазкур бархилофи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Бо ин ва дигар асосҳо аз суд хоҳиш кардааст, ки қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23 апрели соли 2024 таҳти № 262 “Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015 таҳти №802 «Дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба Т.К. бо сабаби ғайриқонунӣ буданаш беэътибор дониста шавад.

Маҷлиси судӣ тибқи талаботи қисми 5 моддаи 155 ва моддаи 190 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ғоибии намояндаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Б.Ғафуров ва намояндаи прокуратураи вилояти Суғд гузаронида шуд.

Дар маҷлиси судӣ намояндаи аризадиҳанда Ҷ.Н. аризаи пешниҳод намударо дастгирӣ карда, ба он монанд баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки ариза қонеъ карда шавад.

Намояндаи тарафи манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров-Т.Д. дар маҷлиси судӣ баёнот дод, ки қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23 апрели соли 2024 таҳти № 262 “Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015 таҳти №802 «Дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба Т.К. дар асоси пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров қабул гардидааст. Қарори мазкур қонунӣ ва асоснок мебошад. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи пешниҳодшуда рад карда шавад.

Суди иқтисодӣ талаботи арзшуда, маводҳои парвандаро мавриди муҳокима қарор дода, баёноти шахсони иштирокчии парвандаро шунида, мувофиқи моддаи 70 Кодекси мурофивии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далелҳои дар парванда буда бо эътиқоди ботинӣ баҳо дода, мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамаҷониба, пурра, беғаразона қарор дода, бо асосҳои зерин ба хулоса омад, ки аризаро қонеъ намояд.

Тибқи талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 4 Кодекси мурофивии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарор ёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки кодекси мазкур муқаррар кардаст, муроҷиат намояд.

Дар маҷлиси судӣ аз баёноти намояндагони тарафҳо ва маводҳои парванда муайян карда шуд, ки Т.К. ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров бо ариза оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ муроҷиат намуда, аризаи мазкур барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замин ва пасон ба КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шудаст. Аз идораҳои дахлдори давлатӣ хулосаҳо вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин гирифта шуда, санаи 21.08.2015 сол Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров ба раиси ноҳия пешниҳод оиди қабул намудани қарор барои ҷудо намудани қитъаи замин ба Т.К. ирсол кардааст.

Тибқи талаботи моддаи 22 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 26 Кодекси мазкур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо қитъаи заминро бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии заминсозӣ ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок, якумраи меросӣ ва ба иҷора медиҳад.

Тибқи талаботи моддаи 17 ҳамин Кодекс ҳуқуқи бемӯҳлат, мӯҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии қитъаи замин бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин тасдиқ карда мешавад.

Муайян карда шуд, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015, таҳти №802 ба Т.К. барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ қитъаи замин ба масоҳати умумии 5,64 гектар, аз ҷумла 4,87 гектар корами обӣ, 0,44 гектар зери об ва 0,33 гектар зери роҳ аз ҳисоби заминҳои фонди захираи ноҳия бо ҳуқуқи истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 19 сол дода шуда, ташкилоти мазкур бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0523524 аз 10.09.2015 сол таъмин гардидааст.

Аз маводҳои парванда дида мешавад, ки дар асоси пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров аз 12.04.2024 сол бо қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23.04.2024 сол таҳти 262 қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28.08.2015 сол таҳти №802 «Дар бораи додани қитъаи замин ба Т.К. барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба масоҳати умумии 5,64 гектар бекор карда шудааст, ки тавассути ин қарор ҳуқуқи истифодаи замини Т.К. қатъ гардонида шудаст.

Аз пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров бармеояд, ки дар рафти азнавташкилдиҳии хоҷагии “Х.” аз 15.06.2001 сол, таҳти №179 қитъаи замин ба масоҳати 51,13 гектар мӯҳлатнок ба аъзоёни хоҷагии деҳқонии “Р.А.” вобаста карда шуда, инчунин корҳои заминсозӣ бе иштироки шахси манфиатдор хоҷагии деҳқонии “Р.А.” гузаронида шудааст.

Дар маҷлиси судӣ аз маводҳои парвандаи заминсозии Т.К. ва қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 25.04.2014 сол таҳти №396 бармеояд, ки хоҷагии деҳқонии “Р.А.” мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор гирифта, дар заминаи он якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил гардидааст ва ба масоҳати 51,13 гектар қитъаи замини захиравӣ ба фонди захиравии ноҳия гузаронида шудааст. Баъдан аз фонди захиравии ноҳия ба масоҳати 5,64 гектар қитъаи замин дар асоси қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015, таҳти №802 ба Т.К. барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ бо ҳуқуқи истифодаи муҳлатнок ба муҳлати 19 сол дода шудааст.

Ҳолатҳои мазкур шаҳодати он аст, ки Раиси ноҳияи Б.Ғафуров ҳолатҳои корро пурра ва ҳаматарафа мавриди санҷиш қарор надода, бармаҳал бо қарори худ аз 23.04.2024 сол таҳти 262 қарори қаблии раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28.08.2015 сол таҳти №802-ро бекор кардааст.

Илова бар ин тибқи талаботи сархати а, қисми 1 моддаи 241 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи молу мулкӣ дар баробари ҳуқуқи моликият ҳуқуқи истифодаи замин шомил мебошад.

Мувофиқи сархати 2 моддаи мазкур ҳуқуқи истифодаи замин имконияти қонунии шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, яъне истифодабарандаи замин ҷиҳати истифодаи хосиятҳои фоидабахши он вобаста ба мақсади таъиноти он мебошад.

Истифодабарандаи замин инчунин ба молики қитъаи замин, ки таҳти истифодааш мебошад, ҳуқуқ дорад. (таҳрири соли 1999)

Тибқи талаботи банди «д» моддаи 7 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маъмуриашон салоҳияти қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мутобиқи асосҳои моддаи 37 Кодекси мазкурро доранд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 39 Кодекси мазкур қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои а-даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст, б-қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон, е-ба охир расидани мӯҳлати истифодаи қитъаи замин ва ж-гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) қабул карда мешавад. 

Муайян карда шуд, ки асосҳое, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 37 Кодекси мазкур ба салоҳияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шуданд, ин асосҳо нисбати қитъаи замини ба аризадиҳанда вобаста шуда ҷой надошта, ҳуқуқи истифодаи замини охирин бархилофи талаботҳои дар боло овардашуда қатъ гардонида шудааст. Ҳол он, ки қитъаи замини ба Т.К. ҷудо шуда ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар ин хусус сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 47 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Муайян карда шуд, ки гарчанде баҳс ҷой дорад, аммо раиси ноҳияи Б.Ғафуров зимни қабули қарор принсипи баробарҳуқуқии истифодабарандагони замин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии он, таъмин намудани баробарҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои вобаста ба замин ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро риоя накарда пешниҳоди Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуровро асос карда, бо дастрасии моддаи 19 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», санади худро бармаҳал бекор намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои аризадиҳандаро вобаста ба замин ва амвол вайрон намудааст. Ҳол он, ки масъалаи маҷбуран қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба ваколати ӯ шомил набуда, бояд танҳо бо тартиби судӣ амалӣ карда шавад.

Тибқи талаботи моддаи 45 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз санади маъмурӣ вазъи ҳуқуқии тарафи манфиатдор вазнин гардад, мақомоти маъмурӣ вазифадор аст онро дар бораи вақт ва макони гузаронидани расмиёти маъмурӣ барои иштирок намудан дар расмиёти маъмурӣ огоҳ кунад.

Дар маҷлиси судӣ муайян карда шуд, ки ин талаботи қонун аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров риоя нагардида, қабл аз баррасии пешниҳод роҳбари Т.К. хабардор карда нашудааст. 

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 327 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар он давра амал мекард) ва моддаи 12 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва ташкилотҳои дигарро, инчунин дар ҳолатҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёриеро, ки ба қонунгузорӣ мувофиқ нестанд ва ҳуқуқҳои маданию манфиатҳои бо қонун ҳифз шавандаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқиро вайрон мекунанд, беэътибор эътироф намояд.

Тибқи талаботи қисми 4 моддаи 190 Кодекси мурофивии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор суди иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ санади мавриди баҳс қарор гирифта ё баъзе ҳолатҳои алоҳидаи қарори баҳснок ва амалро (беамалиро) санҷида, мувофиқати онҳоро ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, ваколат доштани мақомот ва ё шахсеро, ки санад, қарори баҳснокро қабул кардаанд ё амали (беамалии) баҳснокро содир кардаандмуқаррарменамояд инчунин муқаррар мекунад, ки санад, қарор, амали (беамалии) содиршуда ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аризадиҳандаро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ вайрон кардааст ё не.

Бо дарназардошти ҳолатҳои дар боло овардашуда суд ба хулоса омад, ки аризаро қонеъ намуда, қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23.04.2024 сол таҳти №262, ки бо он қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28.08.2015 сол таҳти №802 «Дар бораи додани қитъаи замин ба Т.К. барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба масоҳати умумии 5,64 гектар бекор карда шудааст, беэътибор дониста шавад. Зеро зимни қабули қарори баҳсӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Б.Ғафуров ҳолатҳои кор пурра ва ҳаматарафа санҷида нашуда, он бе асосҳои кофӣ, бе назардошти пайдоиши ҳуқуқ ва бо вайрон намудани тартиби қабули қарор қабул карда шудааст, ки ҳолати мазкур боиси поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои аризадиҳанда гаштааст. 

Ҳамзамон тибқи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд масъалаи хароҷоти судиро ҳал кард.

Бо дастрасии моддаҳои 109, 165-168 ва 174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-

                                                     ҲАЛ КАРД:

Аризаи Т.К. шахсони манфиатдор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров, Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуров ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Б.Ғафуров оиди беэътибор донистани қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23.04.2024 сол таҳти №262 қонеъ карда шавад.

Қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 23 апрели соли 2024 таҳти № 262 “Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Б.Ғафуров аз 28 августи соли 2015 таҳти №802 «Дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба Т.К. беэътибор дониста шавад.

Аз ҳисоби М.И. ба фоидаи Т.К. маблағи боҷи давлатии пардохтгардида ба миқдори 720 сомонӣ рӯёнида шавад.

Нисбати ҳалномаи мазкур дар муддати як моҳ ба суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намудан мумкин аст.

      Раисикунанда                             (имзо)                                Ниёззода М.