Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ ба маротиб афзуда, мадудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки аксарият аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст заданд. Чунончи, истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро расонид.
Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи неруи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд.
Инчунин вазъи кунунӣ ва зарурати ҳалли мушкилоти соҳаро ба назар гирифта, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ карда мешавад.
Тибқи қисми 2 моддаи мазкур, ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3 ин модда, кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани ин кирдорҳо ҳамон вақт ба амал меояд, ки агар ин кирдорҳо ё яке аз онҳо бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи барқ ва дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Дар ин маврид сухан дар бораи ҷазои маъмурӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки 15-уми апрели соли 2025 дар таҳрири нав қабул шуд, меравад.
Тибқи ин модда барои кирдорҳои зерин ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷазо пешбинӣ шудааст:
1) истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;
2) худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;
3) истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;
4) кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;
5) инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят.
Мафҳуми “ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят” чунин маъно дорад, ки агар яке аз кирдорҳои болозикр дар робита ба истифодаи неруи барқ, ба истиснои кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, ба миқдори калон ва ё махсусан калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир нашуда бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда мешавад.
Дар ин маврид танҳо пас аз татбиқи ин ҷазои маъмурӣ, яъне аз рӯзи пардохти маблағи ҷарима сар карда, дар давоми як соли тақвимӣ, агар аз ҷониби ин шахс боз чунин кирдор содир карда шавад, нисбат ба ӯ бо қисми 1 моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи раводиди қисми мазкур барои содир кардани ин ҷиноят ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд дар истифодаи қувваи барқ ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ надиҳад. Ҳар фарде, ки Ватани худро азиз медонад, бояд ҳамеша дар пайи корҳои созандагиву ободонӣ бошад, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ кору фаъолият карда, дар амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшишу талош намояд.
Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати
Суди иқтисодии вилояти Суғд Сайдуллоӣ П.Ҳ.