Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад

Posted by

“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.   Эмомалӣ Раҳмон

Қобили қайд аст, ки маҳз истиқлоли давлатӣ барои рушду такомул ва таҳкими идоракунӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овардааст. Имрӯзҳо сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд. Дар давоми 34 соли истиқлоли кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои мушаххас андешидааст, аз он ҷумла, то инҷониб як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон асос гузоштанд. Ин санадҳо асосан ба рушди соҳа, комёб шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳои соҳаи кор бо ҷавонон равона гардидаанд. Маҳз нақши мубориз доштани ҷавонон буд, ки тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳое, ки ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешавад – ин Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май мебошад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни табақаҳои дигари аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умед ва такягоҳи давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи давлатӣ эътимод намояд.

Сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки насли ҷавон то чи андоза дорои маърифати сиёсию фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, амалисозии масъулияти шаҳрвандии худ ва ҳадафҳои олии давлатро дарк менамояд. Ҳамзамон, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун самти муҳими рушди ҷомеа баррасӣ карда шавад.

Дар маҷмуъ, ҳар як кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани нуфуз ва эътибораш, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро месозад.

Бояд таъкид намоям, ки ҷавонон имрӯз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерӯи тозаи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро дар ҳар вохӯриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

Тавре аз суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аз 28 декабри соли 2024 вобаста ба ҷавонон иброз доштанд: “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад”.

Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.

Дар тӯли 34 соле, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, ҷавонон ба дастовардҳои баланди илмӣ, варзишӣ, иқтисодиву ҷаҳонӣ расидаанд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад. Ҳамчунин, муваффақиятҳои ҷавонон сол ба сол дар ин даврон чашмрас аст. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои сокинони кишварамон, аз ҷумла ҷавонон сол ба сол афзун мегардад.

Ғалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталиф, дастболо гаштани ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоест, ки меваҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонон имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавонон воқеан ҳам дар таҳкими идоракунии давлатӣ нерӯи тоза ба шумор мераванд. Зеро дар ҳар озмунҳо вобаста ба мансабҳои холии мақомотҳои давлатӣ аксаран ҷавонон ба назар расида, дар таҳкими идоракунии давлатӣ нақши бориз дошта, дар маҷмуъ ягон мақоми давлатиеро бе насли ҷавону умедбахш тасаввур кардан имконнопазир мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ба монанди мо – ҷавонон дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз нерӯи тоза дошта, дар таҳкими идоракунии давлатӣ зери сиёсати сулҳҷуёна ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд чун умед ва такягоҳи давлат буда, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими идораи давлатдорӣ эътимод намояд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли наврасу ҷавон буда, Пешвои муаззами миллатамон дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумат баҳри некуаҳволии ҷавонон, баркамолию соҳибмаърифат будани онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри ин қишри ояндасоз дастуру супоришҳои дахлдор медиҳанд.

Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омузиши забонҳои хориҷӣ” аз 18 марти соли 2024, № 795, аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта шудаанд. Вобаста ба он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар”.

Хулоса,  аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии ҳама гуна марому мақсад ва ҳадафу орзуҳои созандаи насли ҷавон дастгирӣ карда, ба мо – ҷавонон тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварда истодааст. Дар навбати худ мо – ҷавонони замони истиқлол, пайравони Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёнаву дарҳои кушод ва созандаи ӯро ҷонибдорӣ карда мебояд, ки ба ин ғамхориву имкониятҳо шукргузорӣ намуда, ҷавобан бо хизмати софдилонаи худ, пешниҳоду ташаббусҳои созанда, бо дилу нияти пок ба халқ ва Ватани азизи хеш хизмат намуда, парчамбардори миллату давлат ва ҳимоятгари марзу буми аҷдодии хеш бошем.

Мо имрӯз дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор дорем ва ман аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо – хонандагони азиз дар симои Шумо наздиконатонро табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамавақт дар Ватани азизу маҳбуби мо осмони софу беғубор ва тинҷиву оромӣ ҳукмфармо бошад. Барои ҳар як ҷавон гуфтаниям, ки ватани маҳбубамонро аз таҳти дил дӯст дошта, барои пешрафту тараққиёти он тамоми қувваамонро сарф намуда, аз як гиребон сар бароварда, Ватанамонро обод намоем, зеро ба маҳорату матонату донишу малака ва зиракии сиёсии мо – ҷавонон имрӯз Ватани ҷавонамон эҳтиёҷ дорад. 

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд, номзади илми ҳуқуқ Эмомализода Навруз