Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои барои таълиму тарбияи кудак” муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) вақти шабона – аз 1 апрел то 30 сентябр – аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март – аз соати 20:00 то соати 06:00;
2) кӯдак – шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;
3) марказҳои дилхушӣ – клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок;
4) масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак – уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди таълиму тарбияи кӯдак;
5) тарбия – раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;
6) таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;
7) шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд – васӣ, парастор, шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд, намояндагони дигари қонунии онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба принсипҳои эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ; таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак; қонуният; адолат; инсондӯстӣ; муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта; пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак; иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак, асос меёбад.
Дар қисми дуюми моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад.
Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохуриҳои худ таъкид кардаанд, ки “Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад”
Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ балки алакай уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст ва амалишавии он гарави ба таври дахлдор тарбия намудани фарзанд мегардад.
Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетараф набошанд.
Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд
Мирзозода П.Т.