Мутобиқи талаботи моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистааст.
Аз рӯзи аввали сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дипломатиро бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, сиёсати оқилонаву самараноки хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудаанд. Маҳз сиёсати оқилонаву хиррадмандонаи хориҷии Пешвои муаззами миллат буд, ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи он эътироф гардидааст.
Решаҳои дўстии халқҳои тоҷику ўзбек ба умқи асрҳо расида аз қадимулайём робитаҳои дўстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд. Дар ин росто, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти махсус дорад.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти амалии робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро чунин арзёбӣ кардаанд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику узбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебаранд ва ин омил низ дар баҳамбандии сарнавишту шеваи зиндагии онҳо таъсиргузор мебошад. Соли 2018 соли муҳим дар муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин сол санаҳои 9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаҳои 17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар доираи ин сафарҳо ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид. Санадҳои ба имзо расонидашуда барои ҷомеаи ду кишвар тағйиротҳои назаррасро ворид намуда, барои пойдории робитаҳои дӯстиву бародарии ду миллати ҳамсоя заминаҳои муҳими ҳуқуқӣ гузоштанд.
Минбаъд, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 сурат гирифта, дар доираи ин сафар 36 санад ба имзо расонида шудаанд, ки барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат равона гардидаанд.
Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018 ҳуҷҷатҳои муҳими страгетии ин ду кишвар мебошад, ки дар заминаи онҳо беш 200 созишнома ва шартномаи дуҷониба, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ба имзо расонида шудаанд.
Ҳуҷҷати муҳими таърихӣ, ки дар арафаи таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба имзо расонида шуд, ин Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ аз 31 марти соли 2025 ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати мазкур дар натиҷаи анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.
Санади мазкур бо иштироки бевоситаи меъморони он – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аҳамияти имзои Аҳдномаи таърихӣ дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро таъкид намуда, онро боз як далели равшани дӯстии қавӣ ва дастгирии ҳамдигарии ду давлат номиданд. Ҳарду роҳбар омодагии худро барои минбаъд низ дар ин руҳия муттасил рушд додани муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид намуданд.
Аз ин рӯ, ба имзо расидани Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон марҳилаи нави таърихӣ дар рушду инкишофи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд