Кумак дар арафаи Соли нави мелодӣ ва зимистонгузаронӣ

Posted by

Имрӯз 30 декабри соли 2024 аз тарафи судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд ба кормандони дастгоҳи суд туҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои моддӣ аз қабили равған, гушт, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, макарон ва ғайра расонида шуд.

Иқдоми мазкур ба муносибати Соли нави мелодӣ ва зимистонгузаронӣ дар партави иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.