Санаи 28 декабри соли 2024 судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохили ва хориҷӣ ва таъмин пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намудаанд.
Сарвари давлат дар Паёми худ, пешниҳод намуданд, ки “Солҳои 2025-2030 рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад ва ҳамзамон қайд намуданд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар, ин таъмини зиндагии арзанда ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ин, хотирнишон намуданд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештарро тақозо мекунад.
Бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро, ба муносибати Соли нави мелодии 2025-ум самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони мардуми фарҳангиву тамаддунсози тоҷик хушбахтӣ, хонаободӣ ва иқболи нек орзу намуданд.


