ҲАЛНОМА

Posted by

ҲАЛНОМА

АЗ  НОМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    18 июни соли 2024                                                      шаҳри Хуҷанд

                                                                                                   Парвандаи № 1-202/2024

Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти раисии судя Давлатзода Т.Ш., бо котибии Набиев Х.,  дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд парванда бо даъвои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани зарар ба маблағи 102 306, 87 сомониро бо иштироки намояндаи ҷавобгар ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ., баррасӣ намуда,

М У А Й Я Н   К А Р Д:

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аризаи даъвогии дар боло зикргардида ба Суди иқтисодии вилояти Суғд муроҷиат намудааст. Даъво бо он асоснок карда шудааст, ки Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баррасии маводи санҷиширо нисбати роҳбари ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ оид ба пардохт накардани маблағи иҷора аз ҳисоби истифодаи қисми бинои Маркази саломатии Қулангир ҳамчун утоқи дандонпизишкӣ ба анҷом расонида, муайян намудааст, ки байни Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳамчун иҷорадеҳ, Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Деваштич ҳамчун дорандаи тавозун ва аз тарафи дигар ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар шахсияти директори он М.Ғ. ҳамчун иҷорагир аз 2 марти соли 2017 инҷониб шартномаи иҷора ба расмият дароварда шудааст.

Мувофиқи шартномаи мазкур ба иҷорагир як қисми бинои Маркази саломатии деҳаи Қулангир ба масоҳати умумии 39 м2, ки ҳамчун объекти таъиноти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, дар Ҷамоати деҳоти Ҳ.У, деҳаи Қулангир, кӯчаи М., бинои № 48 воқеъ мебошад,  бо мақсади истифодаи муваққатӣ бо маблағи иҷоравии 292,5 сомонӣ моҳона, барои ташкили ҳуҷраи дандонпизишкӣ ба иҷора дода шудааст.

Бо назардошти он, ки маблағҳои ҳисобнамуда нисбатан ба арзиши бозоргонии иҷора камтар будааст, хулосаи мутахассисонӣ соҳавӣ гирифта шуда, дар натиҷа муайян гардидааст, ки масоҳати фоиданоки аслии объекти ба иҷора додашуда 62,1 м2 буда, аз ҷониби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич нисбати нишондоди дар шартномаи иҷоравиаш қайд гардида, масоҳати зиёд мавриди истифода қарор доштааст.

Дар натиҷаи аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии ҷумҳуриявии Суғднархгузор бозҳисоби кардани арзиши ибтидоии 1 м2  объекти ба иҷора додашуда, муайян гардидааст, ки аз ҷониби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич аз моҳи январи соли 2017 то моҳи июли соли 2023 ба буҷети давлатӣ иҷорапули  ба маблағи 102 306,87 сомонӣ кам ҳисоб ва пардохт карда шудааст. (126 364,87 сомонӣ-24003,6 пардохтшуда = 102306,87 фарқият) 

Ҳамчунин зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки дар давоми бинои ба иҷора гирифташуда, аз ҷониби М.Ғ. бе иҷозати дахлдор ба масоҳати 22 м2 бинои иловагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар рафти санҷиш аз тарафи роҳбари ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ. ҳаққи иҷора ба маблғи 102 306,87 сомонӣ таллофи карда нашудааст. Бо асосҳои боло аз суд хоҳиш кардааст, ки  аз ҳисоби роҳбари ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич ба манфиати давлат ҳаққи пардохти иҷора ба маблағи 102 306,87 сомонӣ рӯёнида шавад.

Дар мурофиаи судӣ намояндаи даъвогар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Н.Б. аризаи даъвогиро бо асосҳои дар он овардашуда дастгири карда, ба мазмуни ваҷҳҳои дар аризаи мазкур қайдгардида монанд баёнот дода, қонеъ намудани талаби даъворо аз суд хоҳиш кард.

Дар мурофиаи судӣ намояндани ҷавобгар ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ. аризаи  даъвогиро эътироф  накарда, баён намуд, ки байни ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич ҳамчун иҷорагир ва аз тарафи дигар бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Деваштич ҳамчун иҷорадеҳ ва соҳиби “тавозун” Шабаки кумаки аввалияи тибби санитарии ноҳияи Деваштич ду шартномаи сегона баста шудааст, ки яке аз 2 марти соли 2017 ва дигараш аз 28 феврали соли 2023 будаанд. Шартномаҳои мазкур дар асоси озмуни № 1 аз 2 марти соли 2017 ва озмуни № 2 аз 27 марти соли 2023 баста шуда, доир ба ҳар як шартомаи басташуда андозаи музди иҷорапулиро иҷорадеҳ аввал 292, 50 сомонӣ, маротибаи дуюм 300 сомонӣ ва баъдан ба андозаи 353,10 сомонӣ муайян кардааст. Масоҳати объекти иҷораро иҷорадеҳ 39 м 2 муайян карда бо ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич шартомаро ба имзо расонидааст, ки дар ин гуна ҳолат онҳо худро беайб меҳисобидаанд.           

Ҳуқуқҳои иҷорадеҳ дар шартномаҳо вобаста ба каму зиёд кардани ҳолатҳои шартномави пешбини карда шуда, бояд ҳамаи масъалаҳои дахлдор бо тариқи муносибатҳои шартномави ҳаллу фасли худро меёфтааст. Дар шартномаҳо аз тарафи макомотҳои назорати санҷидани фаъолиятҳои шартномави пешбини нашудааст. Иморати иловагиро ӯ худсарона пеш аз худ насохта, аз намояндаи дорандаи тавозун “баланс” бо тариқи шифоҳи иҷозат гирифтааст. Ӯ даъворо эътироф мекардааст, аммо хоҳиш доштааст маблағи иҷорапулиро аз рӯи инсоф ҳисоб намоянд, то ӯ онро пардохт намуда, боз кору фаъолияташро давом диҳад. Аз суд хоҳиш кардааст, ки парванда мутобиқи қонун баррасӣ карда шавад.

Суд баёноти намояндагони тарафҳоро шунида, далелҳои парвандаро омӯхта дахлдорӣ, ҷоизӣ, саҳеҳии ҳар як далел, инчунин басандагӣ ва алоқаи мутақобилаи ин далелҳоро дар маҷмӯъ баҳо дода, ба хулосаҳои зерин омад.

Тибқи қисми 1 моддаи 70 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодӣ ба далелҳо бо эътиқоди ботинӣ баҳо медиҳад, ки ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парванда мавҷуда асос меёбад.

 Суд муайян намуд, ки санаи 2 марти соли 2017 байни Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар шахсияти мудири бахш Ҷ.Н. ҳамчун иҷорадеҳ, Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Деваштич ҳамчун дорандаи тавозун ва аз тарафи дигар ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар шахсияти директори он М.Ғ. ҳамчун иҷорагир шартнома оид ба иҷора додани амволи давлатӣ ба расмият дароварда шудааст.

Тавре аз муҳтавои шартномаи мазкур бармеояд, ба иҷорагир як қисми бинои асосии хонаи саломатии деҳаи Қулангир ба масоҳати умумии 39 м2, ки ҳамчун объекти таъиноти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, дар Ҷамоати деҳоти Ҳ.У, деҳаи Қулангир, кӯчаи М., бинои № 48 воқеъ мебошад,  бо мақсади истифодаи муваққатӣ бо маблағи иҷоравии 292,5 сомонӣ моҳона, барои ташкили ҳуҷраи дандонпизишкӣ ба иҷора дода шудааст.

Аз далелҳои парванда бармеояд, ки мувофиқи санади супоридан ва қабули амволи давлатие, ки ба иҷора дар асоси шартнома аз 2 марти соли 2017 дода шудааст, амволи ба иҷора додашуда аз ҷониби намояндаи дорандаи тавозун (баланс) Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳия М.С. ба намояндаи иҷорагир ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ. супорида шудааст.

Баъдан байни Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Деваштич ва ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич  дар санаҳои 18 январи соли 2018, 17 январи соли 2019, 17 январи соли 2020, 4 январи соли 2021 ва 10 январи соли 2022 созишномаҳо баста шудаанд, ки мувофиқи он мӯҳлати шартномаи иҷораи амволи давлатӣ аз 2 марти соли 2017 дароз карда шудааст. Ҳамчунин дар асоси созишномаи аз 18 январи соли 2018 басташуда маблағи шартномаи иҷора низ ба андозаи 300 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар санаи 28 феврали соли 2023 байни Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳамчун иҷорадеҳ, Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Деваштич ҳамчун дорандаи тавозун ва аз тарафи дигар ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар шахсияти директори он М.Ғ. ҳамчун иҷорагир шартнома оид ба иҷора додани амволи давлатӣ ба расмият дароварда шуда, мувофиқи он ба иҷорагир ҳамон як қисми бинои асосии хонаи саломатии деҳаи Қулангир ба масоҳати умумии 39 м2, бо маблағи иҷоравии 353, 10 сомонӣ моҳона, ба иҷора дода шудааст.

Дар мурофиаи судӣ аз баёноти намояндагони тарафҳо ва нишондоди шоҳидон М.С. ва З.М. муайян карда шуд, ки дар давоми бинои ба иҷора додашуда аз ҷониби намояндаи иҷорагир ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ. бе иҷозати дахлдори мақомоти меъморӣ ва шаҳрсози ба масоҳати 22 м 2 бинои иловагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамзамон қобили тазаккур аст, ки истифодаи масоҳати зикршудаи амвол бидуни пардохти иҷора амали карда шудааст.

Таҳлили далелҳои парванда собит сохт, ки дар асоси фармоиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2024, № 18 санҷиши ҳолатҳои алоҳида дар фаъолияти молиявӣ хоҷагии Муассисаи шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Деваштич дар муносибат бо ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич гузаронида шуда, доир ба натиҷаи санҷиш дар санаи 24 январи соли 2024 санад тартиб дода шудааст.

Аз муҳтавои санади тартибдодашуда ва далелҳои дигари парванда муайян карда шуд, ки масоҳати фоиданоки аслии объекти ба иҷора додашуда 62,1 м2 буда, аз ҷониби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич нисбати нишондоди дар шартномаи иҷоравиаш қайд гардида, масоҳати зиёд мавриди истифода қарор доштааст. Гузашта аз ин зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки бо манфиати тарафҳо коифисентҳои афзоишёбандаи омилҳои бозорӣ истифода накарда бо маблағҳои иҷоравии ночиз объекти давлатӣ ба иҷора дода шудааст.

Дар натиҷаи аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии ҷумҳуриявии Суғднархгузор бозҳисоби кардани арзиши ибтидоии 1м 2  объекти ба иҷора додашуда, муайян гардидааст, ки аз ҷониби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич аз моҳи январи соли 2017 то моҳи июли соли 2023 ба буҷети давлатӣ иҷорапули  ба маблағи 102 306,87 сомонӣ кам ҳисоб ва пардохт карда шудааст. (126 364,87 сомонӣ – 24003,6 пардохтшуда = 102306,87 фарқият)

Асос ва далелҳои дар боло зикргардида бе баҳс аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич ба манфиатҳои давлатӣ ба маблағи 102 306, 87 сомонӣ зарар расонида шудааст.

Қобили қайд аст, ки мувофиқи қисми 1 моддаи 4 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории маданӣ қувваи бозгашт надорад ва нисбат ба муносибатҳое татбиқ мешавад, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд. Амали қонунгузории маданӣ нисбати муносибатҳои то мавриди амал қарор додани он пайдошуда танҳо дар ҳолате татбиқ мегардад, ки агар бевосита дар қонунгузорӣ пешбинӣ шуда бошад.

Мутобиқи қисмҳои 1, 2 моддаи 15 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, агар дар қонун ё шартнома рӯёнидани зиён ба андозаи камтар пешбинӣ нашуда бошад, метавонад ҷуброни пурраи зиёни ба ӯ расонидашударо талаб намояд.

Зиён хароҷоте фаҳмида мешавад, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида масраф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида масраф намояд, аз даст рафтан ё хароб гардидани амволи ӯ (зиёни воқеӣ), инчунин даромади ба даст наомадае, ки ин шахс, агар ҳуқуқаш вайрон намегардид, дар шароити муқаррарии аҳдҳои гражданӣ метавонист ба даст оварад (фоидаи аз дастрафта).

Тибқи қисми 1 моддаи 1079 Кодекси дар боло зикршуда, зараре, ки бо амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ ба шахс ё амволи шаҳрванд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, давлат расонида шудааст, бояд дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ҷуброн карда шавад.

Қонун метавонад уҳдадории ҷуброни зарарро ба зиммаи шахсе гузорад, ки зараррасон намебошад.

Тибқи сархати 1 қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” , Мақомоти Агентӣ, дар доираи ваколатҳои худ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд.

Бо дарназардошти асос ва далелҳои дар боло зикргардида суд лозим донист, ки аз ҳисоби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич ба фоидаи давлат зарар ба маблағи 102 306, 87 сомонӣ рӯёнад.

Суд ваҷҳҳои дар маҷлиси судӣ овардаи намояндаи ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ.-ро мавриди муҳокима ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ қарор дода, ба хулоса омад, ки ваҷҳҳои мазкур барои рад  намудани талаби даъво асос шуда наметавонанд. Аз ин ру суд рад намудани ваҷҳҳои овардашударо бо маҷмӯи асос ва далелҳои дар боло зикргардида, лозим шуморид.

Ҳамин тариқ суд лозим шуморид, ки даъвои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани зарар ба маблағи 102 306, 87 сомониро қонеъ намояд.

Ҳамзамон суд масъалаи рӯёнидани боҷи давлатиро бо риояи талаботи моддаи 109 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуда, аз ҳисоби ҷавобгар ба фоидаи давлат рӯёнидани онро лозим шуморид.

Бо дастрасии моддаҳои 165-168 ва 174 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд,

Ҳал кард:

Даъвои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани зарар ба маблағи 102 306, 87 сомонӣ, қонеъ карда шавад.

Аз ҳисоби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич ба фоидаи давлат зарар ба маблағи 102 306, 87 сомонӣ ва боҷи давлатӣ ба маблағи 2046, 13 сомонӣ рӯёнида шавад.

Нисбат ба ҳалнома дар муҳлати як моҳ ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд, шикояти кассатсионӣ  овардан мумкин аст.

Раисикунанда:-                                    имзо                          Давлатзода Т.Ш.

 Нусха ба аслаш баробар аст судяи

Суди иқтисодии вилояти Суғд:-                                            Давлатзода Т.Ш.