ТАЪИНОТИ ХУСУСИИ МАҶЛИСИ СУДӢ
30 майи соли 2024 шари Хуҷанд
Парвандаи № 1-140/2024
Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти раисии судя Давлатзода Т.Ш., бо котибии Набиев Х., дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар бинои Филиали № 23 КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк” дар вилояти Суғд парванда аз рўи аризаи ҶДММ “Ҳ.М”-и ноҳияи Мастчоҳ нисбати шахсони манфиатдор комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи оид ба интихоби қитъаи замин, Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрванд М. А дар бораи мавриди баҳс қарор додани амали комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин аз 5 феврали соли 2024-ро, бо иштироки намояндаи тарафҳо баррасӣ намуда,
Муайян кард:
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 30 майи соли 2024, аризаи ҶДММ “Ҳ.М”-и ноҳияи Мастчоҳ нисбати шахсони манфиатдор комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин, Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрванд М. А дар бораи мавриди баҳс қарор додани амали комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин аз 5 феврали соли 2024, бинобар бе асос буданаш рад карда шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаноми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоот диҳанд.
Ҳангоми баррасии парвандаи мазкур дар фаъолияти Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ҳолатҳои вайрон кардани талаботи Қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда шуд.
Аз ҷумла муайян карда шуд, ки шаҳрванд М.А санаи 2 августи соли 2023 ба раиси ноҳияи Мастчоҳ ариза пешниҳод намуда, хоҳиш кардааст, ки оиди васеъ намудани ҳудуди қитъаи замини мағозаи тиҷоратӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Обшорон аз ҳисоби заминҳои ҷамоат, ки замини васеъшаванда дар истифодааш қарор дошта, оянда барои кабудизоркунӣ зарур мебошад ба ў барои зебо намудани шафати роҳ мусоидат намоянд.
Қобили қайд аст, ки тартиби пешниҳод ва баррасӣ кардани дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи ҷудо кардан ва мусодира намудани қитъаҳои замин аз ҳамаи намудҳои заминҳо ва заминистифодабарандагон, ба ғайр аз мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигарро пешбинӣ кардааст, Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (минбаъд – қоидаҳо), ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 таҳти № 342 тасдиқ карда шудааст, муқаррар менамояд.
Мутобиқи банди 2-и Қоидаҳои мазкур, додан ва мусодираи қитъаҳои замин бо тартиби ҷудо кардани он мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Аз муқаррароти бандҳои 36 – 38-и Қоидаҳои мазкур бармеояд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои гирифтани қитъаи замин ҷиҳати истеҳсолоти кишоварзӣ манфиатдоранд, ба раиси ноҳия (шаҳр) дархост пешниҳод менамоянд.
Раиси ноҳия (шаҳр) дар муҳлати 5 рўз дархостро барраси намуда, барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ба мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) мефиристад.
Мақомоти заминсозии ноҳия дар муҳлати як моҳ парвандаи заминсозиро тайёр намуда, онро барои барраси ва қабул кардани қарор ба раиси ноҳия (шаҳр) пешниҳод менамояд.
Муайян карда шуд, ки ҳарчанд аризаи М.А., оиди васеъ намудани ҳудуди қитъаи замини мағозаи тиҷоратӣ санаи 2 августи соли 2023 ба раиси ноҳияи Мастчоҳ пешниҳод карда шуда бошад, ҳам Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оиди интихоби қитъаи замин, бо гузашти зиёда аз шаш моҳ, яъне дар санаи 5 феврали соли 2024 доир ба интихоб (ҷудо) намудани қитъаи замин барои васеъ намудани ҳудуди замини бинои мағозаи тиҷоратии шаҳрванд М.А., санад тартиб додааст. Ҳамчунин Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ низ санаи 21 феврали соли 2024 парвандаи заминсозии дар асоси муроҷиати М.А., тайр шударо бо муддатҳои тулони гузаронидани муҳлати муқарраркардаи Қоидаҳои болозикр, ба раиси ноҳияи Мастчоҳ, барои қабули қарори дахлдор пешниҳод кардааст.
Ҳолатҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки талаботи Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷониби масъулини Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ дағалона вайрон карда шуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои гирифтани қитъаҳои замин манфиатдоранд саривақт баррасӣ карда намешаванд.
Суд ҷиҳати дар оянда бартараф шудани камбудиҳои дар фаъолияти кории масъулини Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ҷойдошта, лозим шуморид, ки таъиноти хусусӣ қабул намуда, диққати Раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Кумитаи идораи замини вилояти Суғдро барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ҷалб намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 182-183, 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,
Таъин кард:
Доир ба камбудиҳои дар фаъолияти Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ оид ба интихоби қитъаи замин ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ҷойдошта, барои дар оянда бартараф кардани камбудиҳои мазкур, ба маълумоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, расонида шавад.
Таъиноти мазкур дар маҷлиси васеи назди Раиси ноҳияи Мастчоҳ ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар алоҳидагӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар муҳлати як моҳ пас аз гирифтани нусхаи таъиноти мазкур ба Суди иқтисодии вилояти Суғд, ба таврӣ хатти ахборот пешниҳод карда шавад.
Судя:- имзо Давлатзода Т.Ш.
Нусха ба аслаш баробар аст судяи
Суди иқтисодии вилояти Суғд:- Давлатзода Т.Ш.