ТАЪИНОТИ ХУСУСИИ МАҶЛИСИ СУДӢ
19 августи соли 2024 шаҳри Хуҷанд
Парвандаи № 1-192/2024
Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти раисии судя Давлатзода Т.Ш., бо котибии Шарипова О., тарҷумон Маҳмудова Ф. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд парванда бо даъвои саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов М.С, М.Д, Б.Т, М.С, М.С ва А.Ҷ ба ҷавобгарии хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷавобгарони дигар раиси хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов Р.Э, Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар бораи беэътибор донистани протоколҳои маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов аз 14 апрели соли 2020 таҳти № 1, бартараф намудани монеаги оид ба истифодаи саҳми замин, рӯёнидани зарар ба маблағи 69 335 сомонӣ ва уҳдадор кардани Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷ.Расулов ҷиҳати додани шаҳодатномаи саҳми заминро бо иштироки намояндагони тарафҳо ва прокурор Х.Т. баррасӣ намуда,
Муайян кард:
Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 19 августи соли 2024, даъвои саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «П» М.С. ва дигарон ҷамъ 6 нафар, қисман қонеъ карда шуда, протоколҳои маҷлиси умумии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов аз 14 апрели соли 2020 таҳти № 1, бинобар хилофи қонун буданашон беътибор дониста шудааст.
Ҳамчунин бо ҳалномаи мазкур монеагии эҷоднамудаи раиси хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов Р.Э нисбати заминистифодабарии даъвогарон саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов М.С. ва дигарон дар масоҳати 4, 0 га қитъаи замин боғ, аз он ҷумла 3, 0 га боғи ангур, 1, 0 га боғи шафтолу, 1 адад чоҳи амуди, гармхона ва дигар қитъаҳои замини воқеъ дар тарҳи № 651 ва заминҳои дар дигар тарҳҳо доштаи хоҷагии мазкур бартараф карда шуда, аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии «П»-и ноҳияи Ҷ.Расулов ба фоидаи даъвогарон зарар ба маблағи 30 072 сомонӣ рӯёнида шуда, Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷ.Расулов уҳдадор карда шудаанд, ки даъвогарон саҳмдорони хоҷагии деҳқонии « »-и ноҳияи Ҷ.Расулов М.С, М.Д, Б.Т, М.С, М.С ва А.Ҷ.-ро бо шаҳодатномаи саҳми замин таъмин намоянд.
Тибқи талаботи моддаи 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаноми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоот диҳанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи заминсозӣ”, таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсозӣ зимни фаъолияти хеш ӯҳдадор мебошанд, фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қабулкардаи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ҷиҳати танзими корҳои заминсозӣ ба роҳ монанд, корҳои заминсозиро бо иштироки шахсони манфиатдор гузаронида, ҳуҷҷатҳои заминсозиро бо онҳо мувофиқа намоянд, ҳуҷҷатҳои заминсозиро босифат ва дақиқ таҳия намоянд.
Тавре дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов ба номи саҳмдорон М.С ва даъвогарони дигар ҷамъ шаш нафар шаҳодатномаҳои саҳми замин таҳти № 29489, № 29488, № 29492, № 29491, № 29490 ва таҳти № 29487, ки тибқи асноди мазкур номбурдагон дар хоҷагии деҳқонии “П”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ба андозаи 1, 30 га саҳми замин доранд, навишта шудааст. Аммо нусхаҳои аслии шаҳодатномаҳои мазкур гум шудаанд.
Аз сабаби гум шудани нусхаи аслии шаҳодатномаҳои саҳми замини саҳмдорон М.С, М.Д, Б.Т, М.С, М.С ва А.Ҷ., номбурдагон бо мақсади гирифтани шаҳодатномаҳои нав оид ба саҳми замин, тибқи маслиҳати мутахассисон дар хусуси аз эътибор соқит донистани шаҳодатномаҳои саҳми замини қаблиашон дар нашрияи “Иқбол”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов аз 17 августи соли 2019 таҳти № 19 (7614), эълон нашр намудаанд. Дар ҳамин асно раиси хоҷагии деҳқонии “” Р.Э. ба раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки саҳмдорони болозикрро бо шаҳодатномаи саҳми замин таъмин намоянд.
Муайян карда шуд, ки ҳарчанд дар хусуси додани шаҳодатномаи саҳми замини саҳмдорони болозикр аз ҷониби мутахассисони Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ҷ.Расулов Д.О., А.А. ва В. Ф. дар санаи 22 июни соли 2021 санад тартиб дода шуда бошад, ҳам аммо то ҳол номбурдагон бо шаҳодатномаи саҳми замин таъмин карда нашудаанд.
Гузашта аз ин бо мактубҳои Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов аз 19 апрели соли 2022 таҳти № 1/303876 ва аз 17 майи соли 2022 таҳти № 1/2- 04-1070 муроҷиатҳои такрории саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “П” М.С., М.Д. ва дигарон дар хусуси таъмин намудан бо шаҳодатномаи саҳми замин, беасос рад карда шудааст.
Ҳамзамон қобили тазаккур аст, ки мувофиқи мактуби Кумитаи идораи замини вилояти Суғд аз 19 сентябри соли 2022 таҳти № 2/03-762, талаботи саҳмдорон оид ба таъмин намудан бо шаҳодатномаи саҳми замин асоснок ҳисобида шуда, дар хусуси бо шаҳодатномаи саҳми замин таъмин намудани онҳо Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов дастури хаттӣ додааст, аммо новобаста ба ҳолати мазкур то ҳол ин амал яъне додани шаҳодатномаи саҳми замин ба даъвогарон бо риояи талаботи Қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба иҷро расонида нашудааст.
Ҳолатҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки масъулини Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақадгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ҷ.Расулов муқарраротҳои қонуни дар боло зикршударо мадди назар кардаанд.
Суд ҷиҳати дар оянда бартараф шудани камбудиҳои дар фаъолияти кории масъулини Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷ.Расулов ҷойдошта лозим шуморид, ки таъиноти хусусӣ қабул намуда, диққати Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва намояндагии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар вилояти Суғдро барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ҷалб намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 182-183, 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,
Таъин кард:
Доир ба камбудиҳои дар фаъолияти масъулини Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Расулов ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ҷ.Расулов ҷойдошта, барои дар оянда бартараф кардани камбудиҳои мазкур, ба маълумоти Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва Директори намояндагии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар вилояти Суғд расонида шавад.
Таъиноти мазкур дар маҷлиси васеи назди раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва директори намояндагии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар муҳлати як моҳ пас аз гирифтани нусхаи таъиноти мазкур ба Суди иқтисодии вилояти Суғд, ба таврӣ хатти ахборот пешниҳод карда шавад.
Судя:- имзо Давлатзода Т.Ш.
Нусха ба аслаш баробар аст судяи
Суди иқтисодии вилояти Суғд:- Давлатзода Т.Ш.