ТАЪИНОТИ  ХУСУСӢ

Posted by

ТАЪИНОТИ  ХУСУСИИ  МАҶЛИСИ  СУДӢ

18 июни соли 2024                                                             шаҳри Хуҷанд

                                                                                            Парвандаи № 1-202/2024

Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти раисии судя Давлатзода Т.Ш., бо котибии Набиев Х.,  дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд парванда бо даъвои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани зарар ба маблағи 102 306, 87 сомониро бо иштироки намояндаи ҷавобгар ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ., баррасӣ намуда,

Муайян кард:

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 18 июни соли 2024, аризаи даъвогии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷавобгарии ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар бораи рӯёнидани зарар ба маблағи 102 306, 87 сомонӣ, қонеъ карда шуда, аз ҳисоби ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич ба фоидаи давлат зарар ба маблағи 102 306, 87 сомонӣ ва боҷи давлатӣ ба маблағи 2046, 13 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоот диҳанд.

Ҳангоми баррасии парвандаи мазкур дар фаъолияти Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Деваштич, Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Днваштич ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонун, ошкор карда шуд.

Қобили қайд аст, ки тибқи сархати 6 моддаи 17 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсози яке аз ваколатҳои мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад.

Тибқи банди “в” моддаи 6 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин, яке аз ваколатҳои Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, ба шумор меравад.

Ҳамзамон мутобиқи банди “г” моддаи 8 Кодекси мазкур,  назорати истифода ва ҳифзи заминҳо яке аз салоҳиятҳои Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини деҳот ба ҳисоб меравад.

Тавре дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, байни Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҳамчун иҷорадеҳ, Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии ноҳияи Деваштич ҳамчун дорандаи тавозун ва ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич дар шахсияти директори он М.Ғ. ҳамчун иҷорагир давоми солҳои 2017 – 2023 шартнома оид ба иҷора додани амволи давлатӣ баста шудааст.

Мутобиқи шартномаҳои зикршуда ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич бо розигии дорандаи тавозун Муассисаи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии ноҳияи Деваштич аз соҳиби амвол – иҷорадеҳ Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич қисми бинои асосии Маркази саломатии деҳаи Қулангирро воқеъдар Ҷамоати деҳоти Ҳ.У., деҳаи Қулангир, кӯчаи М., бинои №48, ба масоҳати умумии 39 м2 барои ташкили ҳуҷраи дандонпизишкӣ ба иҷора гирифта, истифода бурдааст.  

Баъдан директори ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ. дар давоми бинои ба иҷорагирифташуда, худсарона, яъне бе гирифтани иҷозати мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аммо дар мувофиқа бо сардухтури ҳамонвақтаи маркази саломатӣ З.М. ба масоҳати 22 м2 бинои иловагӣ бунёд карда, онро мавриди истифода қарор додааст.

Асос ва далелҳои дар боло зикргардида аз он шаҳоддат медиҳанд, ки назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи шаҳрсози, ҳамчунин  назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин дар фаъолияти масъулини Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Деваштич ба таври зарури дуруст ба роҳ монда нашудааст, ки ин ҳолат боиси худсарона анҷом додани сохтмон дар бинои ба иҷорагирифташуда, аз ҷониби директори ҶДММ «М»-и ноҳияи Деваштич М.Ғ.,  гардидааст.

Ҳамзамон далелҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки масъулини Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Деваштич амволи ба он вобасташударо мутобиқи таъиноташ дуруст истифода накарда, доир ба пешгирии анҷомдиҳии сохтмонҳои худсарона тадбирҳои қонунӣ андешида нашудааст.

Суд ҷиҳати дар оянда бартараф шудани камбудиҳои дар фаъолияти масъулини Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Деваштиич, Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Деваштич ҷойдошта, лозим шуморид, ки таъиноти хусусӣ қабул намуда, диққати роҳбарияти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Деваштичро барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, ҷалб намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 182-183, 1861 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,

Таъин   кард:

Доир ба камбудиҳои дар фаъолияти масъулини Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Деваштич, Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, Кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Деваштич ҷойдошта, барои дар оянда бартараф кардани камбудиҳои мазкур, ба маълумоти сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, раиси ноҳияи Деваштич, Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Деваштич,  расонида шавад.

Таъиноти мазкур дар маҷлиси васеи назди сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, раиси ноҳияи Деваштиич, Кумитаи идораи замини вилояти Суғд ва Ҷамоати деҳоти Ҳ.У. ноҳияи Деваштич дар алоҳидагӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар муҳлати як моҳ пас аз гирифтани нусхаи таъиноти мазкур ба Суди иқтисодии вилояти Суғд, ба таврӣ хатти ахборот пешниҳод карда шавад.

  Судя:-                                             имзо                                                Давлатзода Т.Ш.

     Нусха ба аслаш баробар аст судяи

Суди  иқтисодии вилояти Суғд:-                                             Давлатзода Т.Ш.