Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак

Posted by

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” пеш аз ҳама, ин пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ,  фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба зимааш гузошта шудааст, дида мешавад.

Масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор менамояд.

Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солим ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад.

Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд диққат ва назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандони худ ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Фарзанд беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии инсон мебошад.

Барои тарбияи дурусти кӯдак муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигари фароҳам овардан зарур аст.

Қабули қонуни мазкур ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли асрҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.

Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». 

Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.

Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае мегузорад.

Мо шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки фаъолияти хешро баҳри дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур равона намоем.

Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд

Исмоилзода Р.А.