Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимои зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон бар сари мардуми Тоҷикистон овард. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқи гузаронидани тую маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, зиндагии мардумро таъғир додааст. Кор то ҷое расид, ки ғаму андуҳи хароҷоти пас аз марги наздикон на танҳо ворисон, ҳамчунин шахсони зиндаро қабл аз марг ба ғами вазнин гирифтор карда буд. Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон вазъияти ба вуҷудомадаро ҳамаҷониба дарк намуда ба маврид таъкид карданд; “Воқеан қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маъракаороиҳо пойбани таасубу хурофот будани худ ва ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гушаи дигари олам ба назар намерасад”.
Инчунин Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар вохури бо аҳли ҷамоатчиёни мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” дуруст қайд намуданд, ки “ То расму ойин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷотҳои беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабули татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.
Ҷиҳати танзими тартиби гузарондани ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007, қабул карда шуда, он то қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июни соли 2024 таҳти №2048 амал кардааст. Қонуни амалкунанда аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки новобаста ба қабули қонун дар таҳрири нав қисмате аз мо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барғалат дарк намуда (ҳол он, ки ба фоидаи мардуми Тоҷикистон гуфта шудааст), бозҳам даст бар қонуншиканӣ зада дар маросимҳои худ хароҷотҳои беҳудаву зиёдатӣ менамоянд. Ҳол он ки зиндагии худи қисми онҳо дар сатҳи паст қарор дорад.
Инчунин қисман сокинони кишвар фикр менамоянд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надоранд. Аммо ин андеша куллан нодуруст аст. Зеро тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз баромадашон иброз намудаанд: “Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷуҳ бошад”. Аз ин лиҳоз, танзими ҷашну маросимҳо барои тарақиёти ҷомеа нақши хеле муассир дорад. Мақсади ба як низоми муайян даровардани танзими ҷашну маросимҳо, ин мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ, инчунин, дар маҷмуъ ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштан ва ҳимояи маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Мо кормандони мақомоти судӣ ҳамчун пайравони содиқи Пешвои миллат, бояд бо боварии комил ва ифтихори бузург эътироф намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон чун роҳбар ва роҳнамои дурандеш ҳамеша бо мардум буда, миллати тоҷикро ба ҷодаи пешрафти рӯзафзун ҳидоят менамоянд. Аз ин рӯ, мо низ барои иҷрои қонун ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи қонуни мазкур ва дар маҷмуъ, ҳар як дастуру супоришҳое, ки бевосита аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода пешниҳод мегардад, вазифадорем, ки барои амали намудани ин нақшаҳо ва тадбирҳои созанда саҳми босазои худро гузорем.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд
Эмомализода Н.Э.