Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки парчам таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад.
Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ Шооҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қимматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро “Дирафши Ковиёнӣ” номид. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.
Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гаштанд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Аз ҳамон рӯз инҷониб парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст.
Рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки онҳо маънои амиқ доранд: ранги сурх рамзи ҷоннисориҳои миллат барои озодӣ, ранги сафед бахту иқболи сафед, сулҳ ва оромӣ, ранги сабз бошад сарсабзии кишвар мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун аз ҷумла: “Байрақ”, “Ливо”, “Парчам”, “Алам”, “Дурафш” ва ғайраҳо ном мебаранд, аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои тоҷикӣ “Парчам” сабт шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи мазкур “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст”, ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор мебошад.
Дидан, шунидан ва мушоҳида намудани акс ва калимаю ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ҳисси зебои меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва миллатдӯстӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарму навозишпарвар махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон боз ҳам фараҳбахшу гуворо чун Парчами давлатӣ ба ҷилва меоянд.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишона ва аломатҳои муҳими соҳибдавлатию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯю эътибор, шаъну шарафи давлати соҳибистиқлоли кишварамон буда, онҳо на танҳо барои сокинони кишвар воқеан ҳам азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсизабонони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошанд.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд
Хоҷазода Ф.Ҳ.