Санаи 21.11.2024 сол, дар Cуди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. оғоз намуда, дар аввал ба ҳозирин табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмадро ба Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
Сипас қайд намуданд, ки ҳамасола, рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи парчам рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, баён намуданд, ки Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаасифона ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурудароз давом накард ва бо сарварии Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 м.) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тӯли таърих ба даст овардаанд.
Инчунин дар идома судя Хоҷазода Ф.Ҳ. дар мавзӯи “Парчами миллӣ”, котиби маҷлиси судӣ Маҳмудова Ф. дар мавзӯи “Таърихи Парчам ва парчамдории тоқикон” баромад намуданд.
Пас аз маърӯзаҳо иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ бо табрикот ҳамроҳ шуда, аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории Парчами миллӣ суханронӣ карданд.
Дар охири маҷлис Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, таманно карданд, ки Парчами тоҷикон доимо партавафшон бошад.