Табрикоти Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 – умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 м.) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.

Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тӯли таърих ба даст овардаанд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод мегӯям. Таманно дорам, ки Парчами тоҷикон доимо партавафшон бошад!

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.

Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,

Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.

Дар сафедияш роҳи бахти сафед,

Мебарад моро ба фардои умед.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.