Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Санаи 14.11.2024 сол, дар Cуди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷ.Х., Ҷалилзода Х.Р., роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода С.Б., роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. оғоз намуда, дар аввал ба ҳозирин табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмадро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.

 Сипас қайд намуданд, ки ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи хассоси таърихӣ, ки ватанамон пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд.

Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудаанд.

Инчунин дар идома  судя Эмомализода Н.Э. дар мавзӯи  “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати ҳуқуқбунёд”, котиби маҷлиси судӣ Олимиён Т.Б. дар мавзӯи “Нақши Президенти Кишвар дар таҳкими истиқлолият” баромад намуданд.

Пас аз маърӯзаҳо иштирокчиёни маҷлиси тантанавӣ аз хизматҳо ва қадрдонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. иштироккунандагонро бори дигар бо  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони мардуми тоҷик фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно намуд.