Санаде, ки ҷаҳон пазируфт

Posted by

Конститутсия дар таърихи ҳар як давлат санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсияро шиносномаи давлат низ меноманд, зеро дар ин санад номи давлат, сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқии давлат муайян гардида, он сарчашмаи қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он қонунгузории минбаъдаи давлатҳо ба роҳ монда шуда, татбиқи ин санад боиси устувории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мегардад.

Мавриди тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ инъикоскунандаи давлатдории қадиму навини тоҷикон ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи вазъи ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ қабул гардида бошад ҳам, татбиқи меъёрҳои он дар тӯли 30 – сол нишон медиҳад, ки тамоми муносибатҳои ҷамъиятии муосири мамлакатро пурра ба танзим медарорад.

Зимни қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони мамлакат бунёди ҷомеаи адолатпарвар, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаро вазифаҳои худ қарор дода, ин санади муҳими давлатиро қабул ва эълон намуданд.

Вақте мо ба таърихи пешрафти кишварҳои мутараққӣ назар мекунем, мебинем, ки эҳтирому риояи қонун яке аз омилҳои асосии рушди онҳост. Дар он кишварҳое, ки қонун риоя намешавад, бесуботию бесарусомонӣ, нооромию фасод ва ақибмондагӣ ба назар мерасад. Ин таҷрибаи талхро сокинони кишварамон оғози солҳои навадуми асри 20 аз сар гузаронидаанд. Тавре Сардори давлат иброз доштаанд: «…бесарусомониҳои солҳои 1990-1992 бамиёномада, аз ҷумла беэътиноӣ ба Конститутсияи амалкунанда ва танҳо дар давоми як сол, яъне соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон 10 маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо, ғайриконститутсионӣ барканор кардани ду Президент ва 5 ҳукумат, ки оқибат мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела доданд, шахсан барои ман сабақи таърихӣ буд. Бинобар ин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назорати конститутсионӣ дар шакли махсусгардонидашуда – Суди конститутсионӣ пешбинӣ гардид ва санадҳои қабулнамудаи он қатъӣ эътироф карда шуданд».

Боиси сарфарозист, ки бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо равшан мекунад.

Барҳақ Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Санади мазкур ҳамчунин барои ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шинохта шудааст.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Тоҷикистон саҳми Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Тавре Сарвари давлат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд карданд: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии гуногунро таҳти танзим қарор медиҳад».

Афзалияти дигари Конститутсия таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.  

Дар боби ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ба таври комил муайян шудаанд, ки ин нуқтаҳо дар конститутсияҳои қаблӣ набуданд.

Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷӯҳи хос дода шуд, бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва тарбияи фарзандон аст. Давлат оила ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Модару кӯдак ҳамеша зери ҳимояи махсуси давлат қарор доранд ва дигар муносибатҳои оилавӣ ҳам тариқи он ба танзим оварда мешавад.

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Воқеан, таҳия ва қабули Конститутсия бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи Тоҷикистон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овард.

Он саҳифаи нави таърихию сиёсии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Умуман, Конститутсияи Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастурамали зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.

Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва ба сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30 – солагии конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

     Муовини Раиси

     Суди иқтисодии вилояти Суғд    Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар