Конференсияи судяҳои суди вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба ҷашни 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ва бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Дар конференсия Раиси суди вилояти Суғд Ҳоҷизода М.М., муовини раиси суди вилояти Суғд Шерзода Ҷ.С., муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А., судяҳои суди вилояти Суғд, ва шаҳру ноҳияҳои он, судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд иштирок доштанд.

Конференсияро раиси суди вилояти Суғд Ҳоҷизода М.М. оғоз намуда, иброз кард, ки дар конференсия Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Хоҷазода Ф.Ҳ. дар мавзуи “Асосҳо, тартиб ва муҳлати баррасии парвандаҳо оид ба дороии ташкилоти қарзӣ, эътироф намудани молу мулк зимни барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ”, Раиси суди ноҳияи Ашт  Азизмуҳаммад Х.А. оид ба мавзуи Нақши Конститутсия ва таҳкими ҳокимияти судӣ, судяи суди шаҳри Конибодом Исроилзода Д.М. доир ба мавзуи Нақши меҳварии Конститутсия дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, судяи суди ноҳияи Спитамен Муҳиддинзода Т.Қ. оид ба Рӯзи кормандони ҳокимияти судӣ ва судяи суди ноҳияи Деваштич Завқиҷонзода М. оид ба мавзуи Парчами давлатӣ-Муқаддасоти давлат аст, баромад карданд.

Раиси суди вилояти Суғд Ҳоҷизода М.М. зикр намуд, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад”.

Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Фаъолияти самараноки ҳокимияти судӣ дар ташаккули ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ки дар он ҳифзи судӣ ба ҳар шахс кафолат дода шудааст, хеле муҳим ба шумор меравад, зеро ӯҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба зиммаи ҳокимияти судӣ вогузор шудаанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъӣ ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12 майи соли 2007 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишону эҳтироми садоқат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намудаанд.

Дар охир раиси суди вилояти Суғд Ҳоҷизода М.М. ҳамкасбон бо Рӯзи кормандони мақомоти судӣ, ба муносибати ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, барояшон хонаободиву сарбаландӣ ва ба кишвари азизамон тинҷиву оромӣ ва фазои сулҳу беғуборро таманно намуд.