16 октябри соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен бо иштироки судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш. ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Суғд Набиев Х.А. бо кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд.