Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Posted by

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 қайд намуданд, ки “бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад”. Дар ин замина, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шуда, аз 20 июни соли 2024, №2048 дар таҳрири нав қабул ва пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифтааст.

Мафҳуми “маросимҳо” ба “маросим”, ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда, мафҳуми “анъана” хориҷ карда шуд, зеро дар матн муқаррароти марбут ба он пешбинӣ нашудааст.

Дар қонуни мазкур моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шуд. Дар навбати худ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар моддаҳои алоҳида мушаххас карда шуда, масъалаи ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ пешбинӣ карда шуд. Инчунин, дар моддаи 9 меъёрҳои марбут ба ҷашн¬ҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад.

Дар моддаи 11 қонуни мазкур муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз бист рӯзи амалкунанда ба як моҳ баъд аз таваллуди писар тамдид карда, меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ карда шуд, зеро хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд.

Дар моддаи 12 қонуни мазкур дар илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд ва ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.

Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки тибқи таҷриба шаҳрвандон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 4 автомашина истифода намоянд ҳам, ҳангоми гусели арӯсу домод муқаррароти мазкур дар баъзе ҳолатҳо вайрон мегардид. Аз ин рӯ, истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод пешбинӣ гардид.

Дар моддаи 13 қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд ва ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.

Дар моддаи 18 қонуни мазкур меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият пешбинӣ карда шуд. Инчунин, тибқи лоиҳа воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.

Дар навбати худ, ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.

Раиси Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                                         Мирзозода П.Т.