Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”

Posted by

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” иқдоми саривақтӣ буда, қабули он дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.

Дар шароити имрӯза таълиму тарбияи кӯдак беҳбудиро мехоҳад. Аз ин рӯ, қабули қонуни мазкур дар таҳрири нав ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои низом дар ин самт ба манфиат аст. Дар қонуни мазкур нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 – юми августи соли 2011, №762 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дигаргуниҳои зиёд ба манфиати фаъолият дар ин самт дида мешаванд. Шуруъ аз худи номгузорӣ намудани қонун, яъне аз “фарзанд” ба “кӯдак” табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои “падару модар” бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми “фарзанд” маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда, дигар шахсон низ масъул мебошанд (масалан, омӯзгорон). Дар баробари ин, фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад, аммо дар татбиқи қонуни зикршуда, масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18 сола, яъне кӯдак, пешбинӣ шуда буд.

Дар қонуни мазкур бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.

Дар моддаи 9 ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва ғайра муқаррар шудаанд.

Дар сархати 7 моддаи 1 дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.

Ин тағйиротҳо дар қонуни мазкур ислоҳоти назаррасро дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба амал меорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз 20 июни соли 2024, №2049 дар таҳрири нав қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад.

Раиси Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                                    Мирзозода П.Т.