Конститутсия бахтномаи миллат – Котиби маҷлиси  судии Суди иқтисодии вилояти Суғд   Олимиён Т. Б.

Posted by

Конститутсия дар таърихи ҳар кишвар мақоми санади олии ҳуқуқиро дорад ва тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегиранд. Зимнан бояд зикр намуд, ки Конститутсия  барои пешрафт ва рушди давлату ҷомеа  хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро  Конститутсияи  кишвари маҳбуби мо  ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст. Аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад.

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондустонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст. Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлат дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ,  дунявӣ ва ягонагӣ муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёдӣ корҳои давлатдорӣ таҳким ёфт. Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина ҳаракати давлат ба роҳи бунёди давлатдории навин равона гардид. Бинобар ин, дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷамъият дар асоси эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид. Пойдории адолати иҷтимоӣ мақсад ва мароми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Дар асоси Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуморида, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумӯи онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт.

Нақши дигари Конститутсия дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар он унсурҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ, ба монанди ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва ғайра дарҷ гардида, муносибати байниҳамдигарии давлат, мақомоти давлатӣ ва ҷамъият ба вуҷуд оварда шуд.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад.
            Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.