Фестивал – озмунҳои «Оши палав», «Таомҳои миллӣ», намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва либосҳои миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Тағояк ва Ҷамоати шаҳраки Навбатии ноҳияи Спитамен 

Posted by

Дар доираи таҷлили ҷашни 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Метари «Ҷамоати деҳоти Тағояк фестивал – озмуни «Оши палав» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур 7 деҳа ва 5 маҳалла пешниҳоди намудҳои гуногуни оши палав иштирок доштанд.

Дар фестивали мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода в дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар маркази ноҳия, боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи А.Назарови ноҳия озмуни «Таомҳои миллӣ», намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.

Пас аз ба охир расидани озмунҳои мазкур ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ гардиданд.