Дар доираи таҷлили ҷашни 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен маркази тиббии дандонпизишкии «Расул Дента» дар маркази ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар рафти ифтитоҳи ин маркази хизматрасонӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода иштирок доштанд. Иттилоъ дода шуд, ки маркази тиббии дандонпизишкии «Расул Дента» дар Ҷамоати шаҳраки Навкат дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ташкил карда шуда, пас аз ба истифода супоридани маркази тиббии мазкур 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз дигар иншоотҳои ҷашнӣ, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда истодааст, боздид ба амал оварда, дар ҷараёни мумфаршкунии кӯчаи ба номи А.Фирдавсии деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол иштирок намуданд.