Дар доираи таҷлили ҷашни 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Метари Ҷамоати деҳоти Тағояк синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва дигар масъулин иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 240 нафар хонанда дар ду баст аз ҷониби ташкилоти байналхалқии «CASA-1000» сохта шудааст.