Боздиди қисми ҳарбии 0228 аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад

Posted by

Пас аз иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати расмӣ – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз қисми ҳарбии 0228, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен боздид намуданд.

Дар ин мулоқот бо сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ масъулин аҳамияти хизмат ба Ватан ва ҳифзи Истиқлоли давлатиро таъкид карданд. Мирзозода Рустам Пираҳмад зимни суханронии иброз доштанд, ки сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамчун муҳофизони сарҳади давлатӣ ва сулҳу амнияти кишвар масъулияти бузургеро бар дӯш доранд.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар ин вохӯрӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як сарбоз ҳифзи оромӣ ва истиқлоли кишвар буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди шароити хизматрасонии ҳарбӣ ҳамеша тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.

Ин аёдат дар доираи сиёсати давлат нисбат ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хизматчиёни ҳарбӣ гузаронида шуда, ҳамчун нишонаи таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарият ба ҳайати ҳарбӣ арзёбӣ гардид.

Ба сарбозон дастархони идона ороста шуд.