5 сентябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди бинои Суди вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонии бинои Суди вилояти Суғд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ширкат варзиданд.
Зимни суханрониҳо аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳамсози шароити арзанда барои кормандони мақомоти судии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ карда шуда, бунёди бино туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомот фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида бунёд мегардад.
Кормандони мақомоти судӣ барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.