Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ супорида шуд.

5 сентябри соли 2024 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ба 43 нафар кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатиро супориданд.

Зимни тақдими мукофотҳои давлатӣ қайд карда шуд, ки хизматҳои онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҳамеша қадршиносӣ карда мешавад.

Сипас,  дар вазъияти тантанавӣ 35 нафар кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, матбуот, энергетика, варзиш бо медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо медали «Шафқат», 2 нафар бо унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба 5 нафар кормандони соҳаҳои хизмати давлатӣ, маориф, саноату хизмати маишӣ «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.

Дар охир муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гирандагони мукофотҳои давлатиро бори дигар табрик карда, изҳори боварӣ намуданд, ки мутахассисон минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро барои пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон равона месозанд.