“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ибтидои солҳои 90-ум ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт. Қобили қайд аст, ки бори аввал дар банди 1-уми Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум мафҳуми расмии Истиқлолият муқаррар шуда, тибқи он «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад». Аз мафҳуми мазкур ба таври содда хулоса кардан мумкин аст, ки Истиқлолият – ин мустақилона ба амал баровардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар муносибатҳои дохилию хориҷии давлат мебошад.
Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул шудааст. Баъдан Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶТ (аз 9 сентябри соли 1991) қабул гардид, тавассути ин Изҳорот, Истиқлолияти ҶТ эътироф карда шуд. Сипас Шурои Олии ҶТ қарори махсусро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии ҶТ» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути қарори Шурои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шудааст.
Пас аз ин, дар мамлакат заминаи устувори ҳуқуқӣ, ки давлати тозабунёди ва демократӣ тақозо дошт, зарур буд. Бинобар ин, санаи 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи мамлакат қабул карда шуд. Қабул гаштани Конститутсия дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. Дар ҳақиқат Конститутсия заминаи ҳуқуқиро дар ҶТ ба вуҷуд овард, дар натиҷа дар ҷумҳурӣ (то январи соли 2024) 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва зиёда аз 396 қонуни ҷорӣ қабул карда шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ то имрӯз 950 санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тасдиқ гардидааст.
Бояд қайд кард, ки мувофиқи қисми 3-юми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйироту иловаҳо аз санаи 22-уми майи соли 2016) “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Яъне, аз муқаррароти ин меъёри ҳатмии конститутсионӣ бармеояд, ки самти асосии фаъолияти давлатӣ дар таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат ва дастгирии иҷтимоии онҳо равона карда шудааст. Бевосита, ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд намуда, таъкид месозанд, ки “Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохта истодаем”.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомул ва таҳкими идоракунӣ ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус талаб менамояд. Дар давоми 33 соли соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар тадбирҳои мушаххас андешид. Аз он ҷумла, то инҷониб як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон асос гузоштанд. Ин санадҳо асосан ба рушди соҳа, комёб шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳои соҳаи кор бо ҷавонон равона гардидаанд. Санадҳои қабулгардида, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи нав то соли 2030 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166), Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” дар панҷ марҳила (байни солҳои 1999-2012), Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2006-2013), Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2018 сол, №79), Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021 сол, №264) дар таҳкими соҳаи кор бо ҷавонон ҳамчун механизми асосии дастрасӣ пайдо намудан ба мушкилоту эҳтиёҷоти аввалияи ҷавонон, пешгирии хатару таҳдидҳо ба ҳаёти ҷавонон, ва дар маҷмуъ барои худташаккулёбии ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавон нақши калидӣ гузоштаанд.
Тибқи банди 4, қисми 1 Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 “Тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад”.
Дар аввал мутобиқи ҚҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бояд мақоми ваколатдор таъсис меёфт, ки таъмини идораи ҳамаҷонибаи сиёсати Ҳукумати мамлакатро дар байни ҷавонон дошта бошад. Бинобар ин, Комитети кор бо ҷавонони назди Шӯрои Вазирони ҶТ таъсис дода шуд, ки он 1 сол амал карда барҳам дода шуд. Иҷрои вазифаҳои Кумита ба уҳдаи Раёсати кор бо ҷавонони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ гузошта шуд. Вазорат дар ин соҳа салоҳияти маҳдуд дошт, бинобар ин татбиқи қонун то соли 1997 хеле суст амалӣ мегашт. Мутобиқи Фармони Президенти ҶТ аз 23.05.1997-сол №725 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва қарори дахлдори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.1997-сол Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд. Кумитаи мазкур имрӯз бо номи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босамар фаъолият дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад. Ҷавонон гуфта, он гурӯҳи иҷтимоии демографиеро меноманд, ки аз 14 то 30-соларо дар бар мегирад.
Мувофиқи муқаррароти қонуни мазкур мақсади сиёсати давлатии ҷавонон аз мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин, ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо иборат мебошад.
Ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон, амалӣ намудани робитаҳои байналмиллалии ҷавонон мутобиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, хароҷоти сохтмон ва таъмири объектҳое, ки ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мансуб мебошад, маблағҳои муайяни пулӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин самт қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, ки барои тадбирҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имкон дорад аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, маблағ ҷудо карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон дар байни табақаҳои дигари аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умед ва такягоҳи давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи давлатӣ эътимод намояд.
Сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки насли ҷавон то чи андоза дорои маърифати сиёсию фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, амалисозии масъулияти шаҳрвандии худ ва ҳадафҳои олии давлатро дарк менамояд. Ҳамзамон, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун самти муҳими рушди ҷомеа баррасӣ карда шавад.
Дар маҷмуъ, ҳар як кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, баланд бардоштани нуфуз ва эътибораш, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро месозад.
Бояд таъкид намоям, ки ҷавонон имрӯз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерӯи тозаи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро дар ҳар вохӯриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ва ояндаи миллату давлат мебошанд.
Тавре аз суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».
Ин сиёсати Пешвои миллату Ҳукуматро халқи Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, бо иродаи бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ мутобиқи тағйироти санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ синну соли ба вазифа таъин ва интихоби узви ММ МО ҶТ, номзад ба мансаби Президенти ҶТ, судяҳои Суди конститутсионӣ аз 35 ба 30 муқаррар карда шуд. Ин ҳама боварӣ ба нақши тақдирсоз, пешбар, дорои сатҳи баланди илму дониш ва нерӯи ҷавонон дар таҳкими идоракунии давлатии мо – ҷавонон аз ҷониби Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ ва халқи азизи кишварро нишон медиҳад, ки вазифаҳои муҳим ва масъули давлатиро ба мо – ҷавонон вогузор менамоянд.
Бесабаб нест, ки соли 2017 дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ аз санаи 22.12.2016-сол бо Фармони Президенти ҶТ аз 13.01.2017 таҳти №812 соли 2017-ум «Соли Ҷавонон» эълон карда шуд ва ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати ҶТ ба иқтидор ва нерӯи воқеии ҷавонон такя намудааст. Чунки ҷавонони Тоҷикистон вориси таърихӣ ва фарҳангии ҶТ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (70%) ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол пазируфта мешаванд. Дар судҳои иқтисодии ҶТ айни замон аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ, тақрибан 38% кормандонро бо назардошти ҳайати роҳбарикунанда ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар тӯли 33 соле, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, ҷавонон ба дастовардҳои баланди илмӣ, варзишӣ, иқтисодиву ҷаҳонӣ расидаанд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад. Ҳамчунин, муваффақиятҳои ҷавонон сол ба сол дар ин даврон чашмрас аст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои сокинони кишварамон, аз ҷумла ҷавонон сол ба сол афзун мегардад.
Ғалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталиф, дастболо гаштани ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоест, ки меваҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонон имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавонон воқеан ҳам дар таҳкими идоракунии давлатӣ нерӯи тоза ба шумор мераванд. Зеро дар ҳар озмунҳо вобаста ба мансабҳои холии мақомотҳои давлатӣ аксаран ҷавонон ба назар расида, дар таҳкими идоракунии давлатӣ нақши бориз дошта, дар маҷмуъ ягон мақоми давлатиеро бе насли ҷавону умедбахш тасаввур кардан имконнопазир мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон худ ба монанди мо – ҷавонон дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз нерӯи тоза дошта, дар таҳкими идоракунии давлатӣ зери сиёсати сулҳҷуёна ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонанд чун умед ва такягоҳи давлат буда, ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими идораи давлатдорӣ эътимод намояд.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли наврасу ҷавон буда, Пешвои муаззами миллатамон дар тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумат баҳри некуаҳволии ҷавонон, баркамолию соҳибмаърифат будани онҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста баҳри ин қишри ояндасоз дастуру супоришҳои дахлдор медиҳанд.
Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон доданд, ки натиҷаҳо дар ин масъала қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Мо ин корро барои худамон, яъне ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони кишвар мекунем, на бо мақсади дигар”.
Илова ба ин, бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омузиши забонҳои хориҷӣ” аз 18 марти соли 2024, № 795, аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта шудаанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбаташон дар соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам. Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд”.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати мо – ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Хулоса, аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии ҳама гуна марому мақсад ва ҳадафу орзуҳои созандаи насли ҷавон дастгирӣ карда, ба мо – ҷавонон тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварда истодааст. Дар навбати худ мо – ҷавонони замони истиқлол, пайравони Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёнаву дарҳои кушод ва созандаи ӯро ҷонибдорӣ карда мебояд, ки ба ин ғамхориву имкониятҳо шукргузорӣ намуда, ҷавобан бо хизмати софдилонаи худ, пешниҳоду ташаббусҳои созанда, бо дилу нияти пок ба халқ ва Ватани азизи хеш хизмат намуда, парчамбардори миллату давлат ва ҳимоятгари марзу буми аҷдодии хеш бошем.
Мо имрӯз дар арафаи Ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон қарор дорем ва ман аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шумо – хонандагони азиз дар симои Шумо наздиконатонро табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамавақт дар Ватани азизу маҳбуби мо осмони софу беғубор ва тинҷиву оромӣ ҳукмфармо бошад. Барои ҳар як ҷавон гуфтаниям, ки ватани маҳбубамонро аз таҳти дил дӯст дошта, барои пешрафту тараққиёти он тамоми қувваамонро сарф намуда, аз як гиребон сар бароварда, Ватанамонро обод намоем, зеро ба маҳорату матонату донишу малака ва зиракии сиёсии мо – ҷавонон имрӯз Ватани ҷавонамон эҳтиёҷ дорад.